22:57 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Варзиш

Муҳоҷирони тоҷик дар чемпионати байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи Москав пирӯз шуданд

Гирифтани линки кӯтоҳ
912 0 0
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир FMR
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
  • Турнир ФМР
© Sputnik / Рубен Гарсия
Дар нахустин мусобиқаи “FMR Fighting Championship”, ки аз тарафи Федератсияи муҳоҷирони Русия ташкил шуда буд зодагони Тоҷикистон, Гурҷистон, Араманистон, Узбакистон, Афғонистон ва Русия ширкат варзиданд. Дар майдони муҳорибаҳои омехта намояндагони варзишҳои навъи гуногун: бокс, самбо, муай-тай, грепплинг, ушу-санда бо ҳам рақобат карданд. Умуман чорабинии идонае баҳри мухлисони муҳорибаҳои омехта буд

Дар нахустин мусобиқаи “FMR FIGHTING CHAMPIONSHIP”, ки 25 ноябр дар Маскав баргузор гардид, варзишгарони тоҷик миёни дигар муҳоҷирони кишварҳои ҳамсуд ҳунарнамоии хуб карда, пирӯзӣ ба даст оварданд

Дар Маскав бо дастгирии Федератсияи муҳоҷирони Русия чемпионати байналмилалии муҳорибаҳои омехта баргузор гардид.

Мусобиқа ба хотири ба ҳам омадани муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои гуногун дар Русия ва баланд бардоштани руҳияи варзишии онҳо ташкил шудааст.

Иштирокчиёни мусобиқа аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик буданд, ки ба лигаи байналмилалии наве бо номи FMR Fighting Championship дохил шудаанд.

Дар назди тамошобинон 24 варзишкор аз Озойрбойҷон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия ва Қирғизистон дар 7 вазни гуногун: 57, 61, 66, 70, 75, 77, ва 90 кг  баромад карданд.

Дар ин мусобиқа зодагони Тоҷикистон бо малака ва маҳорати варзишиашон аз дигарон фарқ дошта, бо пирӯзиҳои беназир майдонро тарк карданд.

 

Барчаспҳо:
тоҷик, пирӯзи, муҳорибаи омехта, Тоҷикистон

Аксҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ