Муҳоҷирони тоҷик дар чемпионати байналмилалии муҳорибаҳои омехтаи Москав пирӯз шуданд

Обуна шудан
Дар нахустин мусобиқаи “FMR FIGHTING CHAMPIONSHIP”, ки 25 ноябр дар Маскав баргузор гардид, варзишгарони тоҷик миёни дигар муҳоҷирони кишварҳои ҳамсуд ҳунарнамоии хуб карда, пирӯзӣ ба даст оварданд

Дар Маскав бо дастгирии Федератсияи муҳоҷирони Русия чемпионати байналмилалии муҳорибаҳои омехта баргузор гардид.

Мусобиқа ба хотири ба ҳам омадани муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои гуногун дар Русия ва баланд бардоштани руҳияи варзишии онҳо ташкил шудааст.

Иштирокчиёни мусобиқа аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик буданд, ки ба лигаи байналмилалии наве бо номи FMR Fighting Championship дохил шудаанд.

Дар назди тамошобинон 24 варзишкор аз Озойрбойҷон, Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Гурҷистон, Арманистон, Русия ва Қирғизистон дар 7 вазни гуногун: 57, 61, 66, 70, 75, 77, ва 90 кг  баромад карданд.

Дар ин мусобиқа зодагони Тоҷикистон бо малака ва маҳорати варзишиашон аз дигарон фарқ дошта, бо пирӯзиҳои беназир майдонро тарк карданд.

 

© © Sputnik / Рубен ГарсияДар нахустин мусобиқаи “FMR Fighting Championship”, ки аз тарафи Федератсияи муҳоҷирони Русия ташкил шуда буд зодагони Тоҷикистон, Гурҷистон, Араманистон, Узбакистон, Афғонистон ва Русия ширкат варзиданд. Дар майдони муҳорибаҳои омехта намояндагони варзишҳои навъи гуногун: бокс, самбо, муай-тай, грепплинг, ушу-санда бо ҳам рақобат карданд. Умуман чорабинии идонае баҳри мухлисони муҳорибаҳои омехта буд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
1/15
Дар нахустин мусобиқаи “FMR Fighting Championship”, ки аз тарафи Федератсияи муҳоҷирони Русия ташкил шуда буд зодагони Тоҷикистон, Гурҷистон, Араманистон, Узбакистон, Афғонистон ва Русия ширкат варзиданд. Дар майдони муҳорибаҳои омехта намояндагони варзишҳои навъи гуногун: бокс, самбо, муай-тай, грепплинг, ушу-санда бо ҳам рақобат карданд. Умуман чорабинии идонае баҳри мухлисони муҳорибаҳои омехта буд
© Sputnik / © Sputnik / Рубен ГарсияХусусияти асосии ин муҳориба дар он буд, ки миқдори зиёди рақобатҳо пеш аз муҳлат ва ё ба таври “накаут” анҷом ёфтанд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
2/15
Хусусияти асосии ин муҳориба дар он буд, ки миқдори зиёди рақобатҳо пеш аз муҳлат ва ё ба таври “накаут” анҷом ёфтанд
© Sputnik / © Sputnik / Рубен ГарсияДар ин мусобиқа зодагони Тоҷикистон бо чолоки ва маҳорати касбиашон аз дигарон фарқ доштанд, махсусан намояндагони варзишгоҳи Pamir Fighters. Масалан, Шоҳрух Ҳалимов дар ду давр бо малака ва маҳорат ва бартарияш нисбати ҳарифаш, ки чемпиони якчандкаратаи риштаи самбои муҳорибавӣ буд, тамошобинонро дар ҳайрат гузошт
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
3/15
Дар ин мусобиқа зодагони Тоҷикистон бо чолоки ва маҳорати касбиашон аз дигарон фарқ доштанд, махсусан намояндагони варзишгоҳи Pamir Fighters. Масалан, Шоҳрух Ҳалимов дар ду давр бо малака ва маҳорат ва бартарияш нисбати ҳарифаш, ки чемпиони якчандкаратаи риштаи самбои муҳорибавӣ буд, тамошобинонро дар ҳайрат гузошт
© © Sputnik / Рубен ГарсияРақиби Шоҳрух, низ шоистаи таҳсин аст, чунки новобаста аз синну соли хело ҷавонаш (19 сола) чанд маротиба кӯшиши пирӯз шуданро кард, аммо варзишкори тоҷик бартарият нишон дода ғолиб шуд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
4/15
Рақиби Шоҳрух, низ шоистаи таҳсин аст, чунки новобаста аз синну соли хело ҷавонаш (19 сола) чанд маротиба кӯшиши пирӯз шуданро кард, аммо варзишкори тоҷик бартарият нишон дода ғолиб шуд
© © Sputnik / Рубен ГарсияМувофиқи қоида дар муҳорибаҳои омехта низ бо оринҷи даст задан мумкин нест, аммо дар ҳолати хобондан мумкин аст ва аз ин ҳолатҳо Шоҳрух истифода бурда ҳарифашро бо зарбаҳои ҷонкоҳи пасу пеш мағлуб кард
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
5/15
Мувофиқи қоида дар муҳорибаҳои омехта низ бо оринҷи даст задан мумкин нест, аммо дар ҳолати хобондан мумкин аст ва аз ин ҳолатҳо Шоҳрух истифода бурда ҳарифашро бо зарбаҳои ҷонкоҳи пасу пеш мағлуб кард
© © Sputnik / Рубен ГарсияОхирон рақобати ин мусобиқа дар чунин шакл ба анҷом расид
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
6/15
Охирон рақобати ин мусобиқа дар чунин шакл ба анҷом расид
© © Sputnik / Рубен ГарсияМиёни иштироккунандагони муҳориба шаҳрвандони Узбакистон низ зиёд буданд, ки зери парчами клуби”Аҳмад” баромад карданд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
7/15
Миёни иштироккунандагони муҳориба шаҳрвандони Узбакистон низ зиёд буданд, ки зери парчами клуби”Аҳмад” баромад карданд
© Sputnik / © Sputnik / Рубен ГарсияЯке аз сабқатҳои диданибоби дигар миёни варзишгари тоҷик Артур Одилбеков ва варзишгари армании сурат гирифт, ки дар он тоҷикистонӣ пирӯзи ба даст овард
Турнир FMR - Sputnik Тоҷикистон
8/15
Яке аз сабқатҳои диданибоби дигар миёни варзишгари тоҷик Артур Одилбеков ва варзишгари армании сурат гирифт, ки дар он тоҷикистонӣ пирӯзи ба даст овард
© Sputnik / Рубен ГарсияМуҳориба миёни варзишгари арманӣ ва тоҷик бо зарбаҳои ҳадафноки Одилбеков анҷом ёфт
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
9/15
Муҳориба миёни варзишгари арманӣ ва тоҷик бо зарбаҳои ҳадафноки Одилбеков анҷом ёфт
© © Sputnik / Рубен ГарсияПирузии варзишкорони тоҷикро мухлисон бо партавфишонии парчами кишвар дастгирӣ карданд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
10/15
Пирузии варзишкорони тоҷикро мухлисон бо партавфишонии парчами кишвар дастгирӣ карданд
© © Sputnik / Рубен ГарсияФедератсияи муҳоҷирони Русия мухлисонро на танҳо бо гузаронидани чорабинии муҳорибавӣ хурсанд намуд, аммо дар вақти танафусҳо миёни рақобатҳо ду смартфонро барои мухлисон дар шакли қуръапартои бозӣ карданд. Ин ҷавоне, ки дар акс дида мешавад, озмӯнро каме нодуруст фаҳмида, барои гирифтани тӯҳфа ба майдон баромадааст, аммо мутаасифона....
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
11/15
Федератсияи муҳоҷирони Русия мухлисонро на танҳо бо гузаронидани чорабинии муҳорибавӣ хурсанд намуд, аммо дар вақти танафусҳо миёни рақобатҳо ду смартфонро барои мухлисон дар шакли қуръапартои бозӣ карданд. Ин ҷавоне, ки дар акс дида мешавад, озмӯнро каме нодуруст фаҳмида, барои гирифтани тӯҳфа ба майдон баромадааст, аммо мутаасифона....
© © Sputnik / Рубен ГарсияБаъди қисмати аввали шоу варзишкорон ба майдон баромаданд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
12/15
Баъди қисмати аввали шоу варзишкорон ба майдон баромаданд
© © Sputnik / Рубен ГарсияБа ҷуз клуби Pamir Fighters, инчунин клуби Zaleev Fight Team, низ таҳти роҳбарии Залеев баромад намуд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
13/15
Ба ҷуз клуби Pamir Fighters, инчунин клуби Zaleev Fight Team, низ таҳти роҳбарии Залеев баромад намуд
© © Sputnik / Рубен ГарсияБа ҷуз клуби Pamir Fighters, инчунин клуби Zaleev Fight Team, низ таҳти роҳбарии Залеев баромад намуд
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
14/15
Ба ҷуз клуби Pamir Fighters, инчунин клуби Zaleev Fight Team, низ таҳти роҳбарии Залеев баромад намуд
© © Sputnik / Рубен ГарсияДар анҷоми мусобиқа президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Каженов ва асосгузори клуби Pamir Fighters Адим Шабозбеков эълон карданд, ки баҳори соли оянда чемпианати дуюми FFC баргузор мегардад
Турнир ФМР - Sputnik Тоҷикистон
15/15
Дар анҷоми мусобиқа президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Каженов ва асосгузори клуби Pamir Fighters Адим Шабозбеков эълон карданд, ки баҳори соли оянда чемпианати дуюми FFC баргузор мегардад
Лентаи хабарҳо
0