14:50 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Тими бонувони футболбози Эрон

Бонувони футболбози Эрон ҳамтоёни тоҷикистониро шикаст доданд

© ФФТ РТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
74 0 0

Мунтахаби бонувони футболбози Эрон дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) тими Тоҷикистонро бо ҳисоби 4-1 шикаст дод

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин қувваозмоӣ, ки 29 ноябр дар Тошканд сурат гирифт, ягона голи тими Тоҷикистонро Сайрам Холназарова вориди дарвозаи рақиб кард.

Дар бозии дигар дастаи мизбон – тими Узбакистон ба дарвозаи тими Қирғизистон 10 голи беҷавоб зад.

Ҳамин тариқ, дастаи футболи Узбакистон бо 4 пирӯзӣ дар 4 бозӣ ғолиби чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ-2018 миёни бонувон гардид. Эрон медалҳои нуқраро сазовор гашт. Тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ниҳоӣ маълум мегардад. Дар даври панҷум мунтахаби бонувони Тоҷикистон бо дастаи бонувони Афғонистон вомехӯрад, ки 1 декабр дар назар аст.

Қирғизистон бошад, бо Эрон вориди майдон мешаванд.

Феълан Тоҷикистон ва Қирғизистон 3-холӣ доранд, вале аз рӯи таносуби тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷои сеюм қарор дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ