Бонувони футболбози тоҷик дар Тошканд медалҳои биринҷӣ гирифтанд

Обуна шудан
Мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ-2018 (CAFA) соҳиби ҷойи сеюм ва медалҳои биринҷӣ гардид

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар Тошканд сурат гирифт, тими Узбакистон бо пирӯзӣ дар ҳамаи бозиҳо 12 хол ва ҷойи аввал гирифт.

Мақоми дуюмро бонувони футболбози Эрон гирифтаанд, ки 29 ноябр тими Тоҷикистонро бо ҳисоби 4-1 шикаст доданд.

Бонувони Тоҷикистон дар пайи пирӯзӣ бар Афғонистон бо ҳисоби 5-0 дар маҷмуъ 6 хол ба даст оварда, медалҳои биринҷии мусобиқаро гирифтанд.

Қирғизистон бо 3 хол дар мақоми 4 ва Афғонистон бидуни дарёфти холе дар радаи охирон ҷой гирифт.

Лентаи хабарҳо
0