12:50 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Далер Каёсов,  мураббии Академияи футболи ФФТ ва Алишер Туйчиев, собиқ дарвозабони тими мунтахаби Тоҷикистон

Таъйини 2 узви нав дар ҳайати мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон

сомонаи ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
116 0 0

Усмон Тошев, сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) ҳайти тими мураббиёнашро муайян кард

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон,  ба тими мураббиён Далер Каёсов,  мураббии Академияи футболи ФФТ ва Алишер Туйчиев, собиқ дарвозабони тими мунтахаби Тоҷикистон шомил шуданд.

Манбаъ афзуд, тими мунтахаби Тоҷикистон 1 декабр дар майдони Академияи футбол дар минтақаи Алмосии шаҳри Ҳисор ба омодагӣ барои қувваозмоиҳо дар хориҷи кишвар оғоз кард.

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Тошев, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 моҳи равон дар хориҷ 4 бозии дӯстонаро анҷом хоҳад дод.

Аз ҷумла 9 декабр дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими мунтахаби Яман ба майдон мебарояд.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Маскат сафар карда, дар он ҷо 13 ва 16 декабр бо тими мунтахаби Уммон ду бозӣ анҷом медиҳад. Сафари мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Манама, бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад. Ин дидор 20 декабр сурат мегирад.

Мавзӯъҳои асосӣ