Панҷ медали теннисбозони навраси Тоҷикистон дар Малайзия

© PixabayТеннисная ракетка, архивное фото
Теннисная ракетка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби ҷавонони теннисбози Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Малайзия 5 медали биринҷӣ ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, мусобиқа дар шаҳри Пенанг баргузор шуд.

Манбаъ афзуд, медалҳоро миёни наврасону ҷавонони то 18-сола Хушбахт Каримов, то 16-сола Исамҷон Шарифов, то 14-сола Аминҷон Абдуллоев, то 10-сола Ёсуман Салимова ва инчунин то 16-солаҳо Диана Иванихина сазовор шуданд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз 20 давлати Осиё ва ҳамчунин Британияи Кабир, Русия ва  Австралия ширкат доштаанд.

Ҳафтаи гузашта дар мусобиқаи дигари сатҳи байналмилалӣ дар Малайзия Ёсуман Салимова миёни наврасони то 10-сола медали нуқра ва Диана Иванихина дар синну соли худ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Лентаи хабарҳо
0