Шикасти тими мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Уммон - навор

© ФФТ РТНациональная сборная Таджикистана по Футболу, архивное фото
Национальная сборная Таджикистана по Футболу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шоми 13 декабр дар бозии аввали рафиқона бо тими Уммон дар варзишгоҳи Султон Қобуси шаҳри Маскат бо ҳисоби 1 -2 шикаст хӯрд

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ягона голи тими кишварро дар ин бозӣ, нимҳимоятгари дастаи “Барқчӣ”-и Ҳисор Шарафҷон Солеҳов ба ҳадаф расонд, ки барои Шарафҷони 19-сола ин аввалин гол дар ҳайати тими миллӣ буд.

Голҳои ҷониби Уммонро Муҳаммад Ал-Ҳасанӣ ва Матаз Салеҳ ба ҳадаф расонданд.

Манбаъ афзуд, 16 декабр дастаҳои мунтахаби Уммон ва Тоҷикистон бозии ҷавобии рафиқона анҷом медиҳанд, ки соати 19:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Лентаи хабарҳо
0