17:30 24 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Футбол, акс аз бойгонӣ

Тими Тоҷикистон дар мусобиқаи “Чор миллат” иштирок мекунад

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон – “U-23” бо роҳбарии Усмон Тошев дар мусобиқаи “Чор миллат”, ки аз 15 то 23 январи соли оянда дар Доҳа баргузор мешавад, ширкат мекунад

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа мунтахабҳои олимпии Тоҷикистон, Қатар, Эрон ва Кувайт иштирок менамоянд.

Футболбозони Тоҷикистон дар бозии якумашон бо  Эрон - 15 январ ва дуюм бо Қатар - 18 январ ва дар даври охир бо Кувайт - 21 январ вомехӯранд.

Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, ин мусобиқа омодагии тими олимпии Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад.

Дар марҳилаи интихобӣ, ки 22-26 марти соли 2019 дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст, тими мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” бо дастаҳои олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Узбакистон (26 март) вомехӯрад.

Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони марҳилаи ниҳоӣ - дастаи мунтахаби Тайланд дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунад ё дар қатори 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо қарор гирад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ мегардад.

Барандагони медалҳои чемпионати Осиё-2020 ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст меоранд.

Мавзӯъҳои асосӣ