15:20 16 январи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.79
  • RUB0.14
Усмон Тошев, новый тренер олимпийской сборной Таджикистана

Сармураббии узбакистонӣ: тими Тоҷикистон оянда дорад

© championat.asia
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Чанде пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Умон ду бозии санҷишӣ гузаронида буд. Аммо мураббӣ, новобаста аз бохти дастаи мунтахаби кишвар бар он аст, ки тим оянда дорад

ДУШАНБЕ, 24 дек - Sputnik. Тими мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Умон ду бозии санҷишӣ ва ё дӯстона гузарониданд, ки дар ҳарду бозӣ тоҷикон бохтанд.

Дар бозии аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ҳамтоёни худ аз Умон бо ҳисоби 2:1 мағлуб шуданд. Ҳамаи голҳо дар рафти бозӣ ба ҳадаф расонида шуда буданд. Миёни бозингарон нимҳимоягари тими “Барқчӣ”-и Ҳисор Шарафҷон Солеҳов, ки дар дақиқаи 87-уми бозӣ ба майдон баромад ва баъди ду дақиқа тубро бо сараш барои гол задан ба Зоҳир Ҷӯрабоев ҳавола дод, аз дигарон фарқ дошт. Барои Солеҳов ин аввалин бозӣ дар дастаи мунтахабӣ Тоҷикистон буд.

Ғайр аз Шарифҷон Солеҳов дар бозии Тоҷикистон бо Умон боз чор нафари дигар аз тими мунтахаби ҷавонони кишвар, аввалин бор аз тарафи тими мунтахаб баромад карданд, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон. Инҳо, дарвозабон Шоҳрух Қирғизбоеви 16-сола, ҳимоягар Ҳусейн нурматови 18-сола, нимҳимоягар Шервон Маъбатшоеви 18-сола ва нимҳимоягари марказӣ Кароматулло Саидови 19-сола буданд.

Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси 53-солаи узбакистонӣ, Усмон Тошев бозиро шарҳ дод.  

“Умуман бачаҳо кӯшиш карданд. Аммо ду хатои қабеҳ ба мо имкони пирӯз гаштан надод. Новобаста аз натиҷаи бозӣ ба ман маъқул шуд, ки бачаҳо мекӯшиданд вазифаашонро иҷро кунанд. Он бозингароне, ки дар ивази якдигар баромаданд онҳо дар ҳақиқат ба бозӣ ранги дигар бахшиданд, дастаи Тоҷикистонро қавитар карданд ва гол ҳам заданд. Дастаи Тоҷикистон оянда дорад ва онро метавон тақвият бахшид”, - гуфт Тошев.

Бозии дуюм  бо ҳисоби 1:0 ба нафъи соҳибони майдон хотима ёфт. Ягона голро дар дақиқаи 58 Халид Ал-Хаҷрӣ ба ҳадаф расонд. Усмон Тошев дар бозии дуюм ба тими мунтахаб ҳафт тағйирот ворид кард. Яку якбора се бозингари тими мунтахаби ҷавонон – дарвозабон Фатҳулло Бобоев, ҳимоягар Ваҳдат Ҳанонов ва ҳуҷумкунанда Муҳаммадҷон Лоиқов аввалин бор дар дастаи мунтахаби кишвар бозӣ карданд.

Усмон Тошев аз бозии даста розӣ аст.

“Бозӣ бисёр бо суръат идома меёфт. Дар ҳама қисматҳо мо хуб бозӣ кардем, новобаста аз он, ки ман онҳоро бисёр маҷбур накардам, ки ба пеш! Мехоҳем, ки бозиро дар қисматҳои ҳимоягар ва нимҳимоягар хубтар кунем. Бачаҳо вақте, ки дар даври якум бо нерӯи тоза вориди майдон шуданд, худашон ба пеш ҳуҷум карданд. Муносибати дастаи ҳариф нисбати бозигарони мо, ба ман писанд омад. Ман фикр мекунам ҳаст чизе, ки мо болои он кор кунем. Аз ҳама муҳим мо бояд тарзи бозиамонро хубтар кунем ва бачаҳо бояд донанд, ки дар кадом ҳолат кадом амалро бояд иҷро кард. Дар маҷмуъ ман аз бачаҳо розӣ, офарин, хуб бозӣ карданд, нисбаташон ягон даъво надорам. Дар муқоиса ба бозии якум дар бозии дуюм дар ҳайати оғозкунанда ҳафт тағйирот ворид шуда буд. Ман мехостам ба кори дигар бозингарон нигоҳ кунам”, - гуфт мураббӣ.  

Барчаспҳо:
беҳтарин бозингар, гол, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ