ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

© ФФТПолузащитник душанбинского "Истиклола" Эхсони Панджшанбе был признан лучшим футболистом Таджикистана
Полузащитник душанбинского Истиклола Эхсони Панджшанбе был признан лучшим футболистом Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳо дар ин бахши варзишро дар соли 2018 эълон карда, бо ҷоиза қадрдонӣ намуд

ДУШАНБЕ, 29 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, маросими тантанавии ҷоизасупорӣ, таҳти унвони “Файзи футболи тоҷик” 28 декабр дар “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе баргузор гашта, беҳтаринҳои лигаҳои наврасон, футболи бонувон, футболи толорӣ, ҷавонон, лигаи якум, лигаи олӣ ва ғайра қадрдонӣ шуданд.

Футбол. РФПЛ. Матч Локомотив - Терек - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки давлат ва рақобати дохилӣ лозим: Раҳимов дар бораи мушкилоти футбол дар Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, капитани тими мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) Эҳсони Панҷшанбе беҳтарин футболбози соли 2018 дониста шуд.

Манбаъ дар қатори беҳтаринҳои лигаи наврасон - “U-15” бозингар – Кароматулло Боронов, аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, беҳтарин нишонзан – Муҳаммадворис Сайдалиев аз “Соро компания” ва беҳтарин мураббӣ – Исмоил Саидов аз “Соро компания”-ро ном бурд.

Дар лигаи наврасон – “U-17” беҳтарин бозингар – Нушервон Ҳомидов аз “Истиқлол”, беҳтарин нишонзан – Сунатулло Азизов аз “Хатлон” ва беҳтарин мураббӣ – Юсуф Рабиев аз “Истиқлол” дониста шуданд.

Баронбек Содик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боронбеков: муҳоҷирон бемори футбол ҳастанд

ФФТ беҳтаринҳои лига ва бахшҳои дигарро чунин ном бурд:

Лигаи наврасон – “U-18”

Беҳтарин бозингар – Алинур Ниёзбеков аз тими “Орзу-2026” Академияи футболи ФФТ;

Беҳтарин нишонзан – Абдуллоҷони Қурбоналӣ аз тими “Истиқлол” ;

Беҳтарин мураббӣ – Ҳикмат Фузайлов аз “Орзу-2026” Академияи футболи ФФТ;

Лигаи бонувон

Беҳтарин дарвозабон – Сайёра Саидова аз тими “Зебонисо;

Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова аз “Хатлон”, Бохтар;

Беҳтарин мураббӣ – Нодира Мирзоева аз тими “Регар-ТадАЗ;

Беҳтаринҳои собиқадорон

Беҳтарин нишонзан – Сайҳомид Амиршоев  тими “Кӯлоб”, Душанбе;

Беҳтарин мураббӣ – Сайдалӣ Абдуллоев, “Ромис-Испечак”;

Беҳтарин бозингар – Мансур Ҳакимов аз “Хуҷанд;

Лигаи касбии футболи толорӣ

Беҳтарин нишонзан – Баҳодур Хоҷаев аз “Садовая”, 72 гол;

Беҳтарин мураббӣ – Пайрав Воҳидов аз “Соро компания”;

Беҳтарин бозингар – Раҳмоналӣ Шарифов аз “Соро компания”;

Лигаи аввал

Беҳтарин нишонзан – Бахтовар Наҷмиддинов, “Сомон”, 26 гол;

Беҳтарин мураббӣ – Шуҳрат Шамсиев, “Истаравшан”;

Беҳтарин бозингар – Илҳом Баротов, “Истаравшан”;

Ҳайати ҷавонони лигаи олӣ

Беҳтарин нишонзан – Тоҳир Малодӯстов аз тими “Барқчӣ”, 17 гол;

Беҳтарин мураббӣ – Уктам Сатторов, “Регар-ТадАЗ”;

Беҳтарин бозингар – Сунатулло Исмоилов, “Хатлон”, Бохтар;

Лигаи олӣ

Беҳтарин дарвозабон – Никола Стошич, “Истиқлол”;

Беҳтарин ҳимоятгар – Хуршед Бекназаров, “Хуҷанд”;

Беҳтарин нимҳимоятгар – Кароматулло Саидов “Хатлон”;

Беҳтарин ҳамлагар – Ҷаҳонгир Эргашев, “Хуҷанд”;

Беҳтарин нишонзан – Шериддин Бобоев, “Истиқлол”, 12 гол;

Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов, Душанбе;

Беҳтарин мураббӣ – Алиҷон Турдиназаров, “Куктош”;

Беҳтарин бозингари сол – Эҳсони Панҷшанбе, “Истиқлол”.

Лентаи хабарҳо
0