Пеш аз мурофиа: Ҳабиб Нурмуҳаммадов ҷазои эҳтимолияшро гуфт

© AP / John LocherХабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором
Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов, размикори русиягӣ муҳлати эҳтимолии барканорияшро аз иштирок дар мусобиқаҳо баён дошт

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, эҳтимол ӯро барои 9 моҳ то як сол аз ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум хоҳанд кард.

LIVE: Пресс-конференция Хабиба Нурмагомедова в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабиб гуфт, ки чаро аз муҳорибаи дубора бо Макгрегор даст мекашад

“Парвандаро 29 январ баррасӣ хоҳанд кард. Мебинем, мумкин маро ба муҳлати 9 моҳ то як сол аз мусобиқаҳо барканор кунанд”, - изҳор дошт размикор дар мулоқот бо мухлисонаш дар Австралия.

Ӯ афзуд, дар пайи ин номуайянӣ номи рақиби ояндаашро ҳам пешгӯӣ кардан мушкил аст.

Қаблан қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфта буд, ки муҳорибаи дубора, ё худ “реванш”,  бо Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ маъное надорад

"Барои чӣ дубора ба муҳориба бароям? Ӯ пештар ҳам суханони зиёде гуфта буд, аммо вақте ба майдон баромад, коре карда натавонист", - изҳор дошт Нурмуҳаммадов.

Моҳи октябри соли 2018 Ҳабиб Нурмуҳамедов ба Конор Макгрегор пирӯз шуд ва бори аввал унвони қаҳрамони UFC-ро дар вазни сабук ҳифз кард.

Пас аз муҳориба байни Ҳабиб ва мухлисони Конор ҷанҷол сар зад, ки боиси барканории варзишга аз мусобиқаҳо шуд.

Лентаи хабарҳо
0