15:00 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Нападающий душанбинского «Истиклола» и национальной сборной страны Дилшод Восиев, архивное фото

Дилшод Восиев “Истиқлол”-ро тарк кард

© Фото: Федерация футбола РТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
165 0 0

Яке аз беҳтарин футболбози Тоҷикистон, собиқ роҳбари дастаи “Истиқлол” баъди 10-сол ин тимро тарк кард

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Нимҳимоягари дастаи футболи “Истиқлол” ва аъзои мунтахаби миллии Тоҷикистон, Дилшод Восиев дигар дар ин тим бозӣ намекунад.

Баъди 10-соли бозӣ дар ҳайати “Истиқлол” Восиев ҳамчун бозигари озод аз тим берун шуд.   

“Ман дар ҳайати “Истиқлол” 10 мавсими фаромӯшнашавандаро паси сар кардам ва соҳиби дастовардҳои зиёд ҳам шудам. Давраҳои беҳтарини ман дар ҳамин тим паси сар шуданд ва маҳз ҳамин “Истиқлол” маро тарбия карда ба сатҳи футболбоз расонд. Миннатдориямро ба ҳамаи аъзоён ва мураббиёни даста, барои дастгирияшон  мерасонам. Махсусан мехоҳам ба роҳбари бошгоҳ Шоҳрух Саидов барои дастгириҳояш ташаккур гуям”, - ба дафтари матбуотии “Истиқлол” гуфт Восиев.

Дилшод Восиев соли 2009 ба дастаи “Истиқлол”-и Душанбе шомил шуда ҳамчун бозигари беҳтарини тим шинохта шудааст. Маҳорати хуб ба Дилшод имкон дод, то ки роҳбари даста шавад.

Восиев солҳои 2012, 2013 беҳтарин бозигар ва се маротиба (солҳои 2012,2014,2017) беҳтарин ҳамлагари Тоҷикистон эълон шуда буд.

Барчаспҳо:
"Истиқлол", Тоҷикистон, футбол, Дилшод Восиев

Мавзӯъҳои асосӣ