Ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон мушаххас шуд

© пресс-служба ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 20 бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 7 ҳимоягар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамалагарро интихоб кардааст

ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Роҳбарияти дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои машғулиятҳои машқию таълимӣ, ки аз 1-кум то 15-уми феврал дар Туркия баргузор мегардад, ҳайати дастаро мушаххас кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.  

Футболисты юниорной сборной Таджикистана на футбольном поле - Sputnik Тоҷикистон
Футболбозони навраси тоҷик бар ҳамтоёни булғорияшон пирӯз шуданд

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии мамлакат Усмон Тошев бо ин мақсад  20 нафар бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 7 ҳимоягар, 8 нимҳимоягар ва 2 ҳамалагарро  интихоб кард.

Дар  ҷамъомад футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев, инчунин муҳофизатгари дастаи «Металлург»-и Узбекистон Зоир Ҷӯрабоев, ки дар ҳайати дастаҳояшон дар ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ қарор доранд, даъват нашудаанд.

Дар доираи чорабинӣ дар Туркия дастаи олимпии мамлаат 6, 11 ва 13-уми феврал  се бозии санҷишӣ мегузаронад.  Аллакай яке аз ин дастаҳо муайян шудааст ва он дастаи мунтахаби Камерун мебошад, ки дар бозии дуюм ширкат меварзад. Дастаҳои дигар имрӯзҳо мушаххас хоҳанд шуд.

Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон  бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Рақами 1: ду туҳфаи футболбозони навраси тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон (ВИДЕО)

Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқию таълимӣ дар Анталияи Туркия яке аз давраҳои омодагӣ ба бозиҳои  интихобии Чемпионати Осиё-2020 аст, ки аз 22 то 26  марти соли равон дар Тошканд мегузарад. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  дар гурӯҳи «F» бо  дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) қувва месанҷад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади машқию таълимӣ дар Туркия инҳо шоимл шудаанд:

Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фируз Назаров (Академияи футболи ФФТ);

Ҳимоягарон: Алишер Холмуродов («Пандҷшер»), Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷон Эргашев (КМВА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ниҳимоягарон: Алишер Мирзоев («Сперанса», Молдова), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Пандҷшер»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Шервони Мабатшоев, Саидмухтор Азимов (ҳама аз «Барқчӣ»);

 

Лентаи хабарҳо
0