12:59 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Мухлисони тими Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Медали нуқраи Муниса дар “7th Fujairah Open 2019-G1”

© Sputnik
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
94 0 0

Муниса Ойматова, узви дастаи мунтахаби теквондои Тоҷикистон миёни ҷавонон дар мусобиқаи байналмилалии “7th Fujairah Open 2019-G1”, ки 1-3 феврал дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд, сазовори медали нуқра гашт

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Ойматова дар вазни 49 кило дар финал аз варзишгари Тайланд Бунянучи Нгамҷамрат мағлуб шуд. Ду ҷои сеюмро варзишгарони Ҳиндустон – Хушӣ Мешрӣ ва Канчӣ Теланг соҳиб шуданд.

Варзишгари дигари тоҷик Алишон Хоҷаназаров дар вазни 63 кило миёни ҷавонон дар аввалин рақобаташ аз намояндаи кишвари мизбон – АМА шикаст хӯрд.

Дар мусобиқа 957 варзишгар аз 36 давлат дар се дараҷаи синну солӣ – наврасон, ҷавонон ва калонсолон  ширкат намуданд.

Варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқа мураббӣ Шамсулло Қодиров ҳамроҳӣ кард. Ҳамчунин, доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Давлатшо Мирзоев ва Вафоназар Аланазаров рақобатҳоро дар ин мусобиқа ҳакамӣ карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ