05:00 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Таджикский боец Азам Гафоров

Варзишкорони тоҷик мехоҳанд шомили UFC гарданд

© Sputnik
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
257 0 0

Ба наздики варзишкорони тоҷик оид ба муҳорибаҳои омехта Азам Ғафоров ва Фатҳиддин Собиров бо ташкилоти Авруосиёи шартнома ба имзо расониданд, ки ин як имконияти дар оянда роҳ ёфтан ба UFC мебошад

ДУШАНБЕ, 8 фев. — Sputnik. Варзишкорони тоҷик Азам Ғафуров ва Фатҳиддин Собиров бо ширкати Авруосиёии ACA MMA шартнома ба имзо расонидаанд.

Шартномаи ҳарду варзишкор барои чор муҳориба пешбинӣ шудааст. Мусобиқаи аввалини онҳо дар ACA95 Moscow, ки 27 апрел баргузор мегардад, дар назар аст.

Интизор меравад, ки Азам Ғуфоров дар ин муҳориба бо Юнус Евлоев барои соҳиб гаштани камарбанди лига меразмад. Бояд қайд намуд, ки ин бори нахуст аст, ки намояндаи Тоҷикистон барои соҳиб гаштани камабанд дар чунин ташкилоти сатҳи баланд иштирок мекунад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Азам Ғафуров дар вазни 57 килограмм  дар мусобиқаи WFCA 50 дар Маскав бар ҳарифаш Имрон Букуев дастболо шуда буд.

То ҳол ба варзишкорони тоҷик хело кам муяссар шудаистодааст, ки дар чунин муҳорибаҳо пурнуфуз ҳунари худро намоиш диҳанд. Барои он, ки ба чашми масъулин афти худро бояд дар дигар ташкилотҳои муҳорибавӣ низ нишон диҳӣ. Варзишкорони тоҷик ин корро кардаистодаанд, аммо то ҳол ба онҳо муяссар нашудааст ки ба ташкилотҳои дараҷаи аввал шомил гарданд. Варзишкорони тоҷик бисёр кӯшиши шомили UFC шудан доранд. Аммо то ҳол бе натиҷа.

Масалан, чанд сол боз овозаҳо дар бораи тасмими Муин Ғафуров ба UFC гирди забонҳост, аммо то ҳол ӯ наметавонад шомили ин ташкилоти муҳорибавӣ гардад. Чихеле, ки мураббии ӯ Аҳтам Хокиров мегӯяд, Муин кӯшиш карда истодааст, то ки ба UFC роҳ ёбад, аммо ба лигаи беҳтарин ворид шудан кори осон нест.

Барои ин аввал варзишкор бояд дар ташкилотҳои минтақавии Амрико ба монанди Ring Of Combat, Cage Fury Fighting Championship, Titan FС  ҳунарашро нишон диҳад, баъдан агар ба агентҳои UFC ва махсусан Дэна Уайт писанд ояд метавонад шомили ташкилот гардад.

Барои шомил шудани ба UFC муҳим он аст, ки камарбанди яке аз ин ташкилотҳоро соҳиб гардӣ.

Умуман ҳар як варзишкоре, ки хоҳиши ворид шудан ба ин ташкилотро дорад метавонад ба орзуяш расад, танҳо барои ин кӯшиш ва заҳмати зиёд ва натиҷаҳои мусбӣ нишон додан лдозим.

 

Барчаспҳо:
тамрин, муҳориба, варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ