14:31 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Бозии волейбол, акс аз бойгонӣ

Бонувон барои “Ҷоми раиси Душанбе” сабқат мекунанд

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
46 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки бахшида ба Рӯзи Модар миёни бонувони варзишкор мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намуди волейбол баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бонувони волейболбоз барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бахшида ба Рӯзи Модар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ҳадафи қарор ташвиқу тарғиб ва рушди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ арзёбӣ шудааст.

Мусобиқа бо иштироки бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 аз 12 феврал то 7 марти соли 2019 баргузор мегардад.

Бар асоси қарор барои баргузории мусобиқаи мазкур 40 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ