Варзишкорони тоҷик ба давраи нави мусобиқаҳои дастхобонӣ тайёрӣ дида истодаанд

© © Фархода СултоноваВ Худжанде прошел республиканский турнир по армрестлингу, архивное фото
В Худжанде прошел республиканский турнир по армрестлингу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкорони тоҷик ба мусобиқаҳои дастхобонии сатҳҳои гуногуни дохилию ҷаҳонӣ тайёрӣ дида истодаанд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Варзишкорони тоҷикро дар навъи муҳорибаҳои дастхобонӣ якчанд мусобиқаҳои сатҳи гуногун интизоранд.

Варзишкорон дар мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ интихоб карда мешаванд. Дар ин рӯзҳо варзишкорон ба ифтитоҳи давраи нави ин навъи варзиш омода мешаванд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт роҳбари Ассотсиятсияи дастхобонӣ ва ё ба истилоҳи байналмилалӣ “армрестлинг” Фарҳод Султонов.

Таджикские спортсмены на Азиаде-2018, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи варзиши ба 42 варзишгари тоҷик унвонҳои “номзад ва устоди варзиш” тақдим кард

“Соли гузашта варзишкорони мо дар мусобиқаҳои дараҷаҳои гуногун ба натиҷаҳои хуб ноил гаштанд. Акнун дар пеш давраи нав онҳоро интизор аст. Умедворем, ки намояндагони тоҷик имсол низ баромади хуб мекунанд. Аз ҳама муҳим чемпионати Ҷаҳон ва Осиё, ки аз рӯи сину сол гузаронида мешаванд, мебошанд”, - гуфт Фарҳод Султонов.

Ба гуфтаи ӯ дар давраи гузашта барои варзишкорони тоҷик чемпионати Осиё оид ба дастхобонӣ фаромӯшнашаванда буд, ки дар он мунтахаботи Тоҷикистон соҳиби медал гашта буданд. Дар ин мусобиқа варзишкорони мо ба 8 медали тилло, 4 нуқра ва 11 биринҷӣ мушарраф гаштанд. Дар мусобиқа зиёда аз 50 варзишкори тоҷик иштирок карда буд.

“Дар чемпионати Ҷаҳон мунтахаботи Тоҷикистон оид ба дастхобонӣ ба “даҳаи беҳтарин” шомил шуд. Дар маҷмуъ дар ин давра баҳои мунтахаботи Тоҷикистон дар ин навъи варзиш “панҷ” шуд. Имсол натиҷаҳои беҳтарро интизорем”, - гуфт Султонов.

Ба гуфтаи Султонов барои варзишкорон нақшаҳои зиёд дар пеш истодаанд. Ва имсол аз 23-юми феврал мусобиқаҳо дар ин навъи варзиш миёни ҳаводорон ифтитоҳ меёбанд.

Лентаи хабарҳо
0