“Куктош” ё “Истиқлол”: сабқати ниҳоӣ барои “ҶОМИ ФФТ-2019”

© пресс-служба ФФТНациональная сборная Таджикистана
Национальная сборная Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон шаш маротиба насиби дастаи “Истиқлол”, ду маротиба – “Регар-ТадАЗ” ва як маротиба дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат гардидааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Пагоҳ дар Варзишгоҳи маркази шаҳри Ҳисор бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2019 байни дастаҳои “Кӯктош” (ноҳияи Рӯдакӣ) ва “Истиқлол” (Душанбе) баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ФФТ.

Дар бозии якуми ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2019 дастаи футболи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ 3 март дар нимаи аввали рӯз бар дастаи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд.  Дар бозии дуюми ниманиҳоӣ, ки нимаи дуюми дирӯз доир гашт, “Истиқлол” дастаи “Душанбе-83”-ро бо ҳисоби калони 5:0 мағлуб намуд.

Вохӯрӣ барои ҷои сеюм нимаи аввали рӯзи 5 март барпо мегардад. Дар он дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Душанбе-83” ба майдон мебароянд.  Нимаи дуюми ҳамон рӯз ҳаводорони футбол шоҳиди бозии ниҳоӣ (финалӣ) байни дастаҳои “Кӯктош” ва “Истиқлол” хоҳанд гардид. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад. Оғози вохӯрӣ – соати 14:00.

Хотиррасон мешавем, ки “Истиқлол” дар вохӯрии чаҳорякфиналӣ бар дастаи “Кӯктош” бо ҳисоби 2:1 зафар ёфта буд.

Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (Ҷоми ФФТ)   — мусобиқаи бонуфузи футбол дар мамлакат аст, ки онро   Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб  баргузор менамояд.  Қаблан он мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол ба хотираи Рустам Долтабоев ном дошт.  Ҷоми ФФТ аз рӯи анъана ҳар сол дар моҳҳои январ-март, дар арафаи Чемпионати Тоҷикистон  доир карда мешавад.

Дар муддати шаш сол дастаи “Истиқлол” аз ҳама бештар – чаҳор маротиба (солҳои 2014, 2015, 2017, 2018)  ба гирифтани  Ҷоми ФФТ  шарафёб шудааст. “Регар-ТадАЗ” ду маротиба (солҳои 2012 ва 2016) ва як маротиба дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат  (соли 2013 ) ғолиби ин мусобиқа гардидаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0