06:03 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Самбист Навбахоров выиграл серебро Кубка мира

Навбаҳоров – самбисти тоҷик дар Исроил соҳиби медали тилло шуд

© Международная Федерация Самбо
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11820

Варзишкори тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар мусобиқаи байналмилалии бахшида ба хотираи Алекс Неруш, ки дар шаҳри Ришон Лезиони Исроил баргузор гардида буд ҷои аввалро ишғол намуд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik.  Варзишгари тоҷик Разавӣ Навбаҳоров дар мусобиқаи байналмилалии самбо миёни наврасон ба хотираи Алекс Неруш дар шаҳри Ришон Лезиони Исроил сазовори медали тилло шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дар мусобиқа беш аз 200 варзишгари ҳудуди 20 давлати дунё иштирок карданд. Ягона намояндаи Тоҷикистон Разавӣ Навбаҳоров дар вазни 68 кг бар рақибонаш аз Латвия, Исроил ва Олмон дастболо шуда, медали тиллоро ба гардан овехт.

Ёдовар мешавем, ки варзишкори тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар вазни 57 килограмм миёни донишҷӯён соҳиби медали нуқра гашта буд.

 

 

Барчаспҳо:
Исроил, Навбаҳор, самбо, варзишкор, тоҷик

Мавзӯъҳои асосӣ