08:33 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23)

Навори голи Шериддин, ки тими Тоҷикистонро дар Дубай пирӯз кард - видео

сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
293 0 0

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон – “U-23” бар тими олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб дар бозии аввали рафиқона, ки шоми 8 март баргузор шуд, ғалаба кард

ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, бозӣ дар варзишгоҳи “Мактум Бин Рашид Ал-Мактум”-и Дубай баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи тими олимпии Тоҷикистон анҷом ёфт.

“Голро ҳамлавари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев дар дақиқаи 18 ба ҳадаф расонд. Дар дақиқаи 77 дарвозабони дастаи Тоҷикистон Шоҳрух Қирғизбоев зарбаи пеналтиро дар иҷрои ҳариф гардонд”, - тавзеҳ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, ки 11 март дастаҳои Тоҷикистону АМА  дар як бозии санҷишии дигар қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Кумитаи миллии олимпӣ таъкид кард, ки ҷамъомади машқӣ дар Дубай барои тими олимпии Тоҷикистон охирин марҳилаи омодагӣ ба бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 маҳсуб мешавад.

Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “F”, ки 22-26 март дар Тошканд доир мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаҳои Ҳиндустон - 24 март ва Узбакистон - 26 март бозӣ мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ