07:45 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Темур Рахимов дар Гран-прии Марокаш медали биринҷӣ гирифт

Мақоми сеюми Раҳимов ва шикасти Хоҷазодаю Муродов дар Марокаш

© Национальный олимпийский комитет Республики Таджикистан
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
80 0 0

Темур Раҳимов, паҳлавони тоҷик дар Гран-прии Марокаш дар риштаи ҷудо дар вазни беш аз 100 кило сазовори медали биринҷӣ шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мусобиқа 8-10 март дар Марокаш баргузор шуда, дар миёни 440 варзишгар 3 паҳлавони тоҷикистонӣ низ ҳунарнамоӣ карданд.

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)

Манбаъ изҳор дошт, ки Темур Раҳимов қувваозоиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар варзишгари Нидерландия Ҷур Спикерс ғалаба кард. Аммо дар даври сеюм аз паҳлавони Олмон Свен Ҳенлӣ, ки ғолиби вазни +100 кило гардид, шикаст хӯрд.

Темур Раҳимов баъдан дар қувваозмоии дигар бар намояндаи Тунис Файсал Ҷаббуллоҳ ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари Руминия Владут Симионеску пирӯз гардид.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон афзуд, ки ду варзишгари дигари тоҷик - Хоҷазода Беҳрӯз дар вазни то 73 кило ва Акмал Муродов дар вазни то 81 кило дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Мавзӯъҳои асосӣ