Зайниддин Зидан ба “Реал”-и Мадрид баргашт

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкГлавный тренер "Реала" Зинедин Зидан, архивное фото
Главный тренер Реала Зинедин Зидан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зайниддин Зидан, яке аз футболбозони шинохтаи ҷаҳон ва мутахассиси фаронсавӣ дубора сармураббии дастаи футболи "Реал"-и Мадрид таъйин шуд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии ҷаҳон, Зидан то 30 июни соли 2022 қарордод имзо кардааст. Зидан 31 майи соли 2018 аз мақоми сармураббии "Реал" канор рафта буд.

Конор Макгрегор после проигрыша Нурмагомедову - Sputnik Тоҷикистон
Конор Макгрегор ҳабс шуд - акс

Аз моҳи октябри соли 2018 то ҳол сармураббии "Реал" Сантяго Соларӣ буд. Соларӣ дар ин мақом Юлен Лопетегиро иваз кард.

Дастаи "Реал" дар дувуним соли сармураббигии Зидан, як борӣ унвони қаҳрамонӣ ва Суперҷоми Испания, дуборӣ Суперҷоми УЕФА ва Чемпионати бошгоҳии ҷаҳон, се бор пирӯзӣ дар Лигаи қаҳрамононро соҳиб шудааст.

ФИФА соли 2017 Зиданро беҳтарин сармураббӣ эълом карда буд. Охирин бозии "Реал" зери раҳбарии Зидан 26 майи соли гузашта дар Киев баргузор шуд. Он замон "Реал" дар даври ниҳоии бозиҳои Лигаи қаҳрамонон дастаи "Ливерпул"-ро шикаст дод. Дар ҳоли ҳозир "Реал" дар чемпионати Испания дар мақоми севум буда, аз "Барселона" 12 хол камтар дорад.

Дастаи Мадрид ҳоло дигар дар Ҷоми Испания ва Лигаи қаҳрамонон бозӣ намекунад.

Лентаи хабарҳо
0