Лижаронҳои куҳии навраси Тоҷикистон ба Корея рафтанд

© Горнолыжный комплекс "Сафед Дара"Республиканские соревнования по горным лыжам среди юниоров в горнолыжном комплексе "Сафед Дара"
Республиканские соревнования по горным лыжам среди юниоров в горнолыжном комплексе Сафед Дара - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Се навраси лижарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи лижаронии куҳӣ дар Кореяи ҷанубӣ иштирок мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, қаҳрамонии  28-уми Осиё дар риштаи лижаронии куҳӣ рӯзҳои 16-17 март дар шаҳри Гангвони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

«Сафедорак» - базаи лижаронӣ ба фурӯш гузошта шуд

Манбаъ афзуд, дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 20 давлати қитъаи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Кумита таъкид кард, ки аз Тоҷикистон бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш, 3 варзишгари наврас – Аҳёзода Ҷаҳонгир, Зикруллои Шамсулло ва Маҳмадҷон Эшонов бо роҳбарии мураббӣ Баҳриддин Ғоибов иштирок мекунанд.

Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки варзишгарон дар равияҳои слалом ва слаломи калон барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.

Кумита зикр кардааст, ки солҳои охир бо дастгирии Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиш, намуди лижаронӣ дар кишвар рушд карда истодааст ва варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ иштирок мекунанд.

“Аз ҷумла, варзишгарони мазкур аввали моҳи феврал дар аввалин Бозиҳои зимистонаи “Бачаҳои Осиё”, ки дар шаҳри Сахалини Федератсияи Русия доир шуд, ширкат намуданд”, - таъкид кардааст Кумитаи миллии олимпӣ.

Лентаи хабарҳо
0