20:13 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Бой Макгрегор - Нурмагомедов

"Ду худои UFC": Силвестр Сталлоне дар интизори реванши Ҳабиб ва Конор

© REUTERS / Stephen R. Sylvanie
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
402 0 0

Ҳунарманди амрикоӣ Силвестр Сталлоне гуфт, ки бисёр мехоҳад рақобати ҷавобии варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои ирландиаш Конор Макгрегорро бубинад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Ҳунарманди амрикоӣ ва яке аз саҳмиядорони UFC Силвестр Сталлоне эҳтимоли баргузории рақобати ҷавобии варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва ҳамтои ирландиаш Конор Макгрегорро шарҳ дод. Дар ин бора TMZ хабар медиҳад.

"Агар Макгрегор Ҳабибро зада натавонад ин то охири умраш ӯро сарборӣ мешавад. Макгрегор бояд аз нокомиҳояш илҳом гирад, то ҳам дар майдон ва ҳам берун аз он боқувват шавад. Ӯ бояд ба худ гуфта тавонад, ки "Бале, ман замони вазнинеро паси сар кардам, маро ошкоро паст заданд ва бояд ҳарифамро, ки мағлубнашанда менамояд, мағлуб кунам",-гуфт Сталонне.

Дар баробари ин Сталонне қайд кард, ки бисёр мехоҳад реванши ин ду варзишкори номиро бубинад ва онҳоро "ду худо"-и UFC номид, ки барои пирӯзӣ чизеро дареғ намедоранд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Ҳабиб Нурмуҳаммадов Конор Макгрегорро мағлуб кард.

Дар айни замон Ҳабиб давраи маҳрумият аз ширкат дар муҳорибаҳоро паси сар мекунад. Ӯ пас аз рақобат бо Конор Макгрегор аз ширкат дар сабқатҳо маҳрум шуд. 

Ҳабиб Нурмуҳаммедовро дар паи ин муноқиша, аз камарбанди қаҳрамонӣ маҳрум накарданд, аммо 250 ҳазор доллар ҷарима намуданд.

Комиссияи иёлати Невадаи Амрико, Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва Конор Макгрегорро барои ҷанҷол аз ҳаққи ширкат дар бозиҳо маҳрум кард.

Қарори вижаро Комиссияи иёлати Невада (NSAC) қабул кард.

Нурмуҳаммедов аз ҳуқуқи ширкат дар бозиҳо ба мӯҳати 9 моҳ ва Конор 6 моҳ, Ҳабиб ба 500 ҳазор доллар ва Макгрегор ба 50 ҳазор доллар ҷарима шудаанд.

Ба гуфти падари Ҳабиб, варзишкор фаъолияташро пас аз рақобат бо Ҷорҷ Сен-Пери канадагӣ, Тони Фергюсони амрикоӣ ва Флойдом Мэйуэзер хотима медиҳад.

Мавзуъ

Конор Макгрегор ҳабс шуд - акс
Конорро нафасгир кард: Ҳабиб Нурмуҳаммедов бар Макгрегор пирӯз гашт (ВИДЕО)
Ҳабиб гуфт, ки чаро аз муҳорибаи дубора бо Макгрегор даст мекашад

Мавзӯъҳои асосӣ