Ёдгор Файзов ғолибони мусобиқаи “Лигаи Помир”-ро бо Ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонид

© Facebook / Голиб НиятбековЁдгор Файзов, председатель ГБАО
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Давоми 5 моҳ 16 дастаи беҳтарини футзал дар Маҷмааи варзишии шаҳр барои ба даст овардани Ҷоми мусобиқа мубориза бурданд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи сеюми “Лигаи Помир” аз намуди футзал  анҷом ёфт, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Дар бозии ниҳоӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар шарикону сарпарастони мусобиқа иштирок намуданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шодбошии Раҳмон ба Имрон Хон, "ситора"-и варзиш, ки сарвазир шуд

Бояд гуфт, ки давоми 5 моҳ 16 дастаи беҳтарини  футзал  дар Маҷмааи варзишии шаҳр барои ба даст овардани Ҷоми мусобиқа мубориза бурданд.

Дастаи маҳаллаи Бархоруғ аз аввали мусобиқа то анҷоми он пешсафиро аз даст надода, дар бозии ниҳоӣ низ бар дастаи Гулакен 1 дастболо шуд. Даста бори сеюм ба гирифтани Ҷом ва мусобиқа мушарраф гардид.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов Ҷом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми  5 ҳазор сомониро ба дастаи ғолиб тақдим намуд.

Ҳамчунин ба ғолибони номинатсияҳои гуногун — беҳтарин нишонзан, дарвозабон ва беҳтарин бозингари мусобиқа туҳфаҳо супорида шуданд.

 Беҳтарин дарвозабони мусобиқа мувофиқи  хулосаи доварон ва мухлисон, дарвозабони дастаи “Помир” Зоҳир Некқадамов ва беҳтарин нишонзан ҳамлагари дастаи Бархоруғ Қувватбек Равшанбеков дониста шуданд.

Лентаи хабарҳо
0