21:34 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Фарёд Шайхов, паҳлавони номӣ аз сулолаи Шайховҳо, ғолиби куштии наврӯзӣ дар ВМКБ

Паҳлавони ҷавон аз сулолаи Шайховҳо мошини “BMW”-и раиси ВМКБ-ро соҳиб шуд

акс аз бойгонии Иршод Сулаймонӣ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
3820 0 0

Фарёд Шайхов, аз сулолаи паҳлавонҳо – Шайховҳо аз водии Язғуломи ноҳияи Ванҷ дар куштии миллӣ дар вазни 80 кило дар ВМКБ пирӯз гардид

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Фарёд Шайхов дар куштии наврӯзии имсола низ пирӯз гардида, ҷоизаи раиси ВМКБ – мошини тамғаи “BMW”- ро соҳиб шуд, хабар дод Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раёсати вилоят.

Фарёд соли гузашта низ дар куштии наврӯзӣ дар ноҳияи Ванҷ бар паҳлавони номии дигар Шакармамад Мирмамадов дастболо шуда, мошинро ба даст овард.

Феълан аз сулолаи паҳлавонҳои маъруфи Шайховҳо бештар Сайёд ва Фарёд, писарамакҳо майдондорӣ мекунанд. Фарёд писари паҳлавон Ибод Шайхов мебошад. Ин паҳлавони ҷавон дар риштаи ҷудо ва куштии миллӣ қувваозмоӣ мекунад. Сайёд Шайхов, паҳлавони дигар аз ин хонадон қаҳрамони Осиё ва Тоҷикистон дар риштаи самбо мебошад.

Фарёд Шайхов, паҳлавони номӣ аз сулолаи Шайховҳо, ғолиби куштии наврӯзӣ дар ВМКБ
акс аз бойгонии Иршод Сулаймонӣ
Фарёд Шайхов, паҳлавони номӣ аз сулолаи Шайховҳо, ғолиби куштии наврӯзӣ дар ВМКБ

Дар ҳамин ҳол шоҳҷоизаи наврӯзии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норакро дар риштаи куштии миллӣ Темур Раҳимов  ба даст овард.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар Норак паҳлавонҳо  аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ  ва ноҳяи  Рашт аз рӯи 7 вазн байни ҳам рақобат намуданд.

Темур Раҳимов ва Фурқат Назриев  барои сазовор шудан ба шоҳҷоизаи наврӯзӣ сабқат карданд ва билохира Темур   Раҳимов  бо усули зебо тавонист паҳлавон аз шаҳри Кӯлоб  Фурқат Назриевро мағлуб намуда,  соҳиби шоҳҷоиза – мошини сабукрав гардад.

Мавзӯъҳои асосӣ