Анҷоми сабқати наврӯзии паҳлавонҳо: соҳиби “Мерседес” маълум шуд

© Сайт мэрии ДушанбеПобедитель в борьбе куштигири Саиджалол Саидов
Победитель в борьбе куштигири Саиджалол Саидов  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Куштии наврӯзӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт – 2019” бо иштироки 8 ҳазор мухлису даҳҳо паҳлавони номӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Тибқи иттилои расмӣ, дар ин сабқат зиёда аз 180 варзишгар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзида, қувваозмоиҳо 2 рӯз – 23 ва 24 март идома ёфтанд.

Фарёд Шайхов, паҳлавони номӣ аз сулолаи Шайховҳо, ғолиби куштии наврӯзӣ дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Паҳлавони ҷавон аз сулолаи Шайховҳо мошини “BMW”-и раиси ВМКБ-ро соҳиб шуд

“Дар вазни 80 кило мақоми аввал насиби Садр Боев, мақоми дуюм насиби Эраҷ Абдуллоев ва мақоми сеюм насиби Ҳақназар Назаров гардид. Дар вазни 90 кило бошад  ҷои  аввалро Эмомалӣ Камолов,  ҷои дуюмро Меҳрубон Идрисов ва мақоми сеюмро Бежан Боқиев соҳиб шуданд. Дар вазни 100 кило  Саидҷалол Саидов ба гирифтани ҷойи аввал, Фирдавс Насимов — ҷойи дуюм   ва Шарифҷон Назриев ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб шуданд”, - хабар додааст “Ховар”.

Манбаъ афзуд, ки дар вазни беш аз 100 кило мақоми аввалро Одил Сафаров, мақоми дуюмро Абубакр Раҳмонов ва мақоми сеюмро Шоҳрух Амирхонов соҳиб шуданд.

Ғолиби мутлақи мусобиқаи мазкур Саидҷалол Саидов дониста шуд ва ӯ соҳиби шоҳҷоизаи таъинкардаи Ҳукумати Душанбе – худрави “Мерседес-бенс” шуд.

Инчунин  дар вазни мутлақ Фирдавс Насимов сазвори ҷойи дуюм гардида, ҷойи сеюм насиби Шарифҷон Назриев гардид.

Лентаи хабарҳо
0