Тими Тоҷикистон Ҳиндро шикаст дод: сабқати навбатӣ бо Узбакистон дар майдони рақиб - видео

© ФФТОлимпийская сборная Таджикистана по футболу
Олимпийская сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Футболбозони мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар марҳилаи интихобӣ ба Ҷоми Осиё – 2020 дастаи Ҳиндро бо ҳисоби 2-0 шикаст дод

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки голро футболбозон Далер Ёдгоров ва Шарафҷон Солеҳов мутаносибан дар дақиқаҳои 30 ва 85-уми бозӣ ба ҳадаф расонданд.

Полузащитник душанбинского Истиклола Эхсони Панджшанбе был признан лучшим футболистом Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
ФФТ беҳтаринҳои футбол дар соли 2018-ро эълон кард

ФФТ афзуд, бозии ниҳоии марҳилаи интихобиро тими Тоҷикистон бо дастаи Узбакистон мегузаронад, ки 26 март дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд баргузор мешавад. Оғози бозӣ 17:00 дар назар аст.  

Усмон Тошев, сурмураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар пайи сабқат аз бозии шогирдонаш изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, баъзе камбудиҳо ҷой доштанд, ки барои ислоҳи он кор хоҳанд кард.

Дар асоси натиҷаи марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, ҳамчунин 4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ки ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд доир мегардад, роҳхат мегиранд. Агар мизбони чемпионат – дастаи мунтахаби Тайланд дар гурӯҳ ҷои аввалро ишғол кунад, ё миёни 4 дастаи беҳтарини ҷои дуюми гурӯҳҳо бошад, пас дастаи панҷуми ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки нишондиҳандаи хуб дорад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи финалӣ мегардад.  

Се дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2020 ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд. 

Лентаи хабарҳо
0