Шаҳриёр Даминов соҳиби медали тиллои мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ шуд

© Национальный олимпийский комитет РТШахриёр Даминов, победитель Азиатских игр по байдарке в Самарканде
Шахриёр Даминов, победитель Азиатских игр по байдарке в Самарканде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгари маъруфи тоҷик дар масофаи 1000 метр сазовори ҷойи аввал гардида, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шудааст

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ, ки дар Ҳиндустон доир гардид, 23 марти соли ҷорӣ дар масофаи 500 метр сазовори ҷои сеюм гардид, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Самбист Навбахоров выиграл серебро Кубка мира - Sputnik Тоҷикистон
Навбаҳоров – самбисти тоҷик дар Исроил соҳиби медали тилло шуд

Инчунин, 24 март ин варзишгари маъруфи тоҷик дар масофаи 1000 метр сазовори ҷойи аввал гардида, медали тиллои мусобиқаро соҳиб шудааст.

Мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба қаиқронӣ барои варзишгарони тоҷик ҷиҳати иштирок дар чемпионати ҷаҳон як дарси омӯзишӣ буд. Пас аз ин ғалаба умед аст, ки Шаҳриёр Даминов дар чемпионати ҷаҳон сазовори ҷойҳои намоён мегардад.

Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Ҳиндустон барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад.

Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

 

Лентаи хабарҳо
0