11:04 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15

Дар шабакаҳои интернетӣ навори садама дар пойтахти Қазоқистон - Нурсултон паҳн шудааст, ки дар пайи он ду нафар кушта шуда, 30 тан маҷрӯҳ шуданд

Дар навор дида мешавад, ки автобусе дар маркази шаҳри  Нурсултон ба автобуси дигар бармехӯрад, дар натиҷа садамаи бузурге сар мезанад.

Атрофро дуди ғализе фаро мегирад, мусофирон ба аҷала нақлиётро тарк мекунанд. Дар умум дар садама се автобус, худрави ёрии таъҷилӣ ва автомашинаи дигар осеб дидаанд.

Дар пайи садамаи мудҳиш 30 тан маҷрӯҳ шуданд. Ронандаи яке аз автобусҳо ва як мусофир - ду тан кушта шудаанд. Аҳволи се нафари дигарро пизикон вазнин арзёбӣ мекунанд.

Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Наворҳои бештар

Мавзӯъҳои асосӣ