Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳ наёфт

© © ФФТОлимпийская сборная Таджикистана начала подготовку к чемпионату Азии-2020
Олимпийская сборная Таджикистана начала подготовку к чемпионату Азии-2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дирӯз футболбозони тоҷик  дар бозии охирини гурӯҳи “F” дар  шаҳри Тошканд вохӯриро бо мизбонони ин гурӯҳ-дастаи мунтахаби олимпии Узбакистон бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз бозиҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки соли оянда дар Таиланд мегузаранд, дар канор монд, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

 Ин дар ҳоле рух дод, ки дирӯз футболбозони тоҷик  дар бозии охирини гурӯҳи “F” дар  шаҳри Тошканд вохӯриро бо мизбонони ин гурӯҳ-дастаи мунтахаби олимпии Узбакистон бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд.

Дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи “F”  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии аввал бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо натиҷаи 2:0 ғалаба карда, дар маҷмӯъ соҳиби 4 имтиёз ва ҷои дуюм шуд.  Аммо шумораи голҳои ками олимпичиёни  тоҷик ба онҳо имкон надод, ки аз зинаи дуюм ба бозиҳои финалӣ роҳхат гиранд.

Дар баробари ин 4 дастаи хуштолеи гурӯҳҳо- Австралия, Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ аз зинаи дуввум иштироки худро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё таъмин карданд.

Дар ин раддабандӣ дастаҳои мунтахаби Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ, ки бозиҳояшон баъди вохӯрии дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Тоҷикистон (0:0) барпо гардид, барои худ натиҷаҳои мувофиқ ҳосил карданд (Ироқ – Эрон- 0:0, аз гурӯҳи “С”, Арабистони Саудӣ- АМА- 1:1, аз гурӯҳи “Д” ва Урдун – Сурия-1:1, аз гурӯҳи “Е”) .

Дар вақти холшуморӣ таносуби тӯбҳо ва  огоҳиҳо ба назар гирифта шуд ва дастаҳои мазкур аз  дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш гузаштанд.

Лентаи хабарҳо
0