Тоҷикистон ба давраи ниҳоии Чемпионати Осиё-2020 роҳ наёфт

© © ФФТОлимпийская сборная Таджикистана начала подготовку к чемпионату Азии-2020
Олимпийская сборная Таджикистана начала подготовку к чемпионату Азии-2020 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд. Мутаассифона, Тоҷикистон ба ин қатор шомил нашуд

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бозии дуюмашро дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, дар гурӯҳи “F” бо тими олимпии Узбекистон мусовӣ кард, вале натавонист ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирад. Дар ин бора Кумитаи олимпии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозӣ шоми 26 март дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд.

"Шогирдони Усмон Тошев 24 март дар бозии аввал бар тими олимпии Ҳиндустон бо ҳисоби 2:0 ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, Узбекистон ва Тоҷикистон 4-холӣ ба даст оварда, аз рӯи таносуби тӯбҳо ҷойҳои якуму дуюмро дар гурӯҳи “F” ишғол карданд.
Дар асоси низомномаи мусобиқа ғолибони 11 гурӯҳ ва 4 дастаи беҳтари ҷои дуюми гурӯҳҳо ба марҳилаи финалӣ роҳ ёфтанд. Мутаассифона, Тоҷикистон ба ин қатор шомил нашуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Турнир по мини футболу посвященный Алмазному Юбилею Ага Хана IV - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҷавонон рӯзноманигоронро ба футбол даъват кард

Пас аз натиҷагирии марҳилаи интихобӣ дастаи кишвари мизбон – Тайланд, ғолибони гурӯҳҳо – Қатар (гурӯҳи “А”), Баҳрайн (“B”), Ироқ (“С”), АМА (“D”), Урдун (“Е”), Узбекистон (“F”), Кореяи Шимолӣ (“G”), Кореяи Ҷанубӣ (“Н”), Ҷопон (“I”), Чин (“J”), Ветнам (“К”) ва 4 дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар нишон доданд – Австралия (“Н”), Эрон (“С”), Сурия (“Е”) ва Арабистони Саудӣ (“D”) ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё, ки 8-26 январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Се дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонони то 23-сола ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро пайдо мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0