Пирӯзии футболбозони Хоруғ дар сабқати футболи хурд дар ВМКБ

© Стас ЭтвешФутбольные мячи на поле, архивное фото
Футбольные мячи на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷойи сеюмро дастаи бозингарони мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон, ҷойи дуюм ба мактаби варзишии №2 ва ҷойи якум насиби бозингарони мактаби варзишии шаҳри Хоруғ гардид.

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Мусобиқаи даставӣ оид ба «Футболи хурд» барои дарёфти «Ҷоми Наврӯзӣ-2019» байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ бахшида ба «Иди байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардид.

Ин сабқат таҳти шиори «Варзиш - рамзи дӯстиву рафоқат» баргузор шуд. Дар ин бора равобити умумии ВКД хабар медиҳад.

"Дар мусобиқаи варзишӣ ҷойи сеюмро дастаи бозингарони мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон, ҷойи дуюм ба мактаби варзишии №2 ва ҷойи якум насиби бозингарони мактаби варзишии шаҳри Хоруғ гардид",-омадааст дар хабарнома.

Криштиано Рональдо дает автограф, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

Ба ғолибони мусобиқаи варзишии «Ҷоми Наврузӣ-2019», медал, Ифтихорнома ва тӯҳфахои хотиравӣ аз тарафи роҳбарияти РВКД дар ВМКБ тақдим карда шуд.

Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон насиби ССКА "Помир" шуд

Манбаъ афзуда, ки минбаъд низ аз ҷониби роҳбарияти Раёсати мазкур барои ривоҷу равнақ додани бозиҳои варзишӣ дар байни наврасону ҷавонон таваҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0