21:08 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Пойга дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Ғолибони пойгаи ташкилкардаи Рустами Эмомалӣ муайян шуданд

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
531 0 0

Ғолибони пойга барои “Ҷоми Пойтахт – 2019”, ки бо тасмими шаҳрдор Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи Душанбе баргузор шуд, муайян гардиданд

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа беш аз 60 аспи зоти хуби тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ бо беҳтарин чобуксаворони кишвар иштирок карданд. Манбаъ афзуд, ки чобуксаворон дар масофаҳои 1000 метр, 1200 метр ва 1600 метр дар шаш марҳила миёни ҳам сабқат намуданд.

“Дар пойгаи якуми масофаи 1600 метр пирӯзӣ насиби асп бо лақаби “Звезда” таҳти роҳбарии Бегиҷонзода Раҳматшо гардид. Вақти нишондодаи ин асп бо саворааш 1 дақиқаю 59 сонияро ташкил дод. Дар ҳамин масофа дар пойгаи дуюми апсҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ асп бо лақаби “Бомдод” дар муддати 1 дақиқаю 49 сония мақоми аввалро ишғол кард”, - иттилоъ додааст Кумита аз қавли ТВ Варзиш.

Бар асоси ин манбаъ, дар пойгаи сеюми аспҳои синну соли гуногуни зоти тоҷикӣ асп бо лақаби “Рекорд”  ғолиб гардид. “Рекорд”  масофаи 1600 метрро дар муддати 1 дақиқаю 49 сония тай намуд. Дар пойгаи 6-уми аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ, рақобат баҳри ба даст овардани ҷоизаи асосӣ, асп бо лақаби “Радана” аз хоҷагии деҳқонии “Дошмандӣ”-и ноҳияи Файзобод ғолиб шуд. Натиҷаи нишондодаи “Радана” 1 дақиқаю 11 сонияро ташкил дод.

Мавзӯъҳои асосӣ