Зани рашкин: Нурмуҳаммадов дар бораи Макгрегор

© REUTERS \ Noah K. MurrayХабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор
Хабиб Нурмагомедов и Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов як бори дигар такроран гуфт, ки бовар надорад, ки Макгрегор размҳои омехтаро тарк кунад.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Варзишкори русиягӣ, қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ҳамтои ирландиаш Макгрегорро бо зани рашкин муқоиса кард.

Нурмуҳаммадов рӯзи сешанбе бо донишҷӯёни донишгоҳи ба номи Плеханов дидору мулоқот кард.

Хабиб Нурмагомедов перед боем с Макгрегором - Sputnik Тоҷикистон
Ҷангал як шоҳ дорад: Ҳабиб дар бораи тарки муҳориба кардани Конор

Моҳи март Макгрегор бори дигар дар бораи тарки размҳои омехта эълом кард.

"Ӯ аз он варзишкороне ҳаст, ки фикрашро иваз мекунад. Пагоҳ мегӯяд бозмегардад ва ҳама дар бораи ҳамин менависанд. Бо UFC барои шартнома мувофиқа накард ва хост бо ин роҳ нишон диҳад, ки онҳо ӯро аз даст медиҳанд.

Ин сиёсат фақат ба хотири UFC аст. Ман медонам, бо онҳо мувофиқа кардан душвор аст. Онҳо якбора аз чанд тараф раисҳо омада бо ту суҳбат мекунанд.... Ва Конор чун зани рашкин",-гуфт Нурмуҳаммадов дар вохӯрӣ.

Ёдовар мешавем, ки варзикори ирландӣ, собиқ чемпиони UFC Конор Макгрегор эълон кард, ки аз майдони ҳунарҳои размии омехтаи ММА меравад.

Лентаи хабарҳо
0