13:28 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Таджикский самбист Набимухаммад Хоркашев, архивное фото

Набимуҳаммад Хоркашев либоси варзишиашро ба мех овехт

© © FIAS
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
664 0 0

Узви мунтахаби самбои Тоҷикистон Набимуҳаммад Хоркашев эълом кард, ки варзишро тарк мекунад.

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Варзишкори номдори тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев расман эълом кард, ки фаъолияти варзишиашро ба итмом мерасонад.

Ин қарори худро самбочии тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев дар сабқате дар шаҳри Бохтар эълом кард. Ба гуфти ӯ аз ин ва баъд Набимуҳаммад ба сифати мураббӣ фаъолияташро идома хоҳад дод ва варзишкорони ҷавонро барои сабқатҳои байналмилаллӣ омода хоҳад кард. Ҳамчунин варзишкор худро ҳамчун рефери хоҳад санҷид.

Самбист Бехруз Ходжазода, архивное фото
© Фото : Международная федерация самбо (ФИАС)

Қайд мекунем, ки Набимуҳаммад яке аз варзишкорони комёби вазнинвазн буд. 

Пештар хабар дода шуд, ки куштигири тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев маблағашро барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳон-2017 гирифта натавонист.  

Чуноне маълум шуд, маблағро ба Набимуҳаммад ба далели ширкат накардан дар омодагиҳои дастаӣ пардохт накардаанд.

Масъала пас аз он роҳи ҳалли худро ёфт, ки сарпарастон ҳазинаи сафари ӯро пардохт намуда буданд. Дар он қаҳрамонии ҷаҳон Набимуҳаммад дар  вазни беш аз 100 кг ғолиб омада, медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Натиҷаи беҳтаринро аз дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Беҳрӯз Ҳоҷазода (дар вазни 74 кг) нишон дода, соҳиби медали тилло гашта буд.

 

Мавзуъ

Чаро маблағи Набимуҳаммад Хоркашевро пардохт накарданд?

Мавзӯъҳои асосӣ