23:22 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте

Бо Дилшод Назаров 5 тани дигар ба қаҳрамонии Осиё ба Давҳа мераванд

© AP / Lee Jin-man
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
171 0 0

Дар қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабуки ҳазор тан варзишкор аз 45 кишари қитъа ҳузур хоҳанд дошт

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дилшод Назаров, путкандози тоҷик, қаҳрамони Олимпики соли 2016 дар қаҳрамонии варзиши сабуки Осиё, ки рӯзҳои 21-24 апрел дар Давҳа баргузор мешавад, ширкат мекунад, иттилоъ додааст кумитаи миллии Олимпиии кишвар. 

Манбаъ афзудааст, ки дар 23-вумин қаҳрамонии варзиши сабуки Осиё ҳазор тан варзишкор аз 45 кишари қитъа ҳузур хоҳанд дошт.
Таркиби тими миллии варзиши сабуки Тоҷикистон дар ин мусобиқот ба ин тартиб аст:
Дилшод Назаров, путкандоз,
Кристина Пронженко, даванда (400 метр, 400 метр бо монеъаҳо),
Одилшоҳ Исматов, даванда (800 метр),
Алишер Пӯлотов, Григорий Дерипаскин, давандагон (400 метр),
Гулсунбӣ Шарифова, даванда (200 метр).
Тими миллии варзишкорони Тоҷикистон рӯзи гузашта барои омодагӣ ба ин мусобиқоти муҳимми сол ба Анталия рафтанд.
Имсол Давҳа якчанд мусобиқаи дигари байналмилалиро мизбонӣ хоҳад кард. Мусобиқаи варзиши сабуки Лигаи алмосии Анҷумани байналмилалии федерасиюнҳои варзиши сабук ва Қаҳрамонии варзиши сабуки ҷаҳон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ