Акмалиддин Каримов "Ҷоми вазири умури дохила"-ро аз худ кард-акс

Обуна шудан
Акмалиддин Каримов дар сабқат барои дарёфти "Ҷоми вазири умури дохилаи Тоҷикистон" пирӯз шуд.

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Ба муносибати ҷашни касбии хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ, ки ҳамасола 10-уми апрел таҷлил карда мешавад, мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футбол, куштӣ ва тирандозӣ баргузор шуд.

Ин мусобиқаҳо барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар гузаронида шуд.

Вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода - Sputnik Тоҷикистон
Ситоиши Раҳимзода аз шароити хизматчиёни Қушунҳои дохилӣ ва супориш ба масъулин-акс

Футбол

Дар ин мусобиқаҳо 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷалб гардида, барои дарёфти ҷойҳои ғолибият байни ҳам рақобат намуданд.

Ҳамин тавр, дар мусобиқаи футбол ҷойи аввалро дастаи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ (РҚД), ҷойи дуюмро тими Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (ҚС) ва зинаи сеюмро дастаи Вазорати мудофиа (ВМ) ба даст оварданд.

Сабқати футбол барои дарёфти "Ҷоми вазии корҳои дохилӣ"
Акмалиддин Каримов Ҷоми вазири умури дохила-ро аз худ кард-акс - Sputnik Тоҷикистон
Сабқати футбол барои дарёфти "Ҷоми вазии корҳои дохилӣ"

Куштӣ

Дар намуди куштӣ бошад, дар вазни 60 кг ҷойи аввал ба Акмалиддин Каримов аз РҚД насиб гардида, зинаи дуюмро намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар Сафарбеки Ҳукумалӣ ба даст оварда, ду зинаи сеюмро Ҳикмат Худобахшов аз ҚС ва Ҳусейн Ализода аз Гвардияи миллӣ соҳиб шуданд.

Дар вазни 65 Сомон Идиев аз ҚС ба гирифтани ҷойи аввал сазовор дониста шуда, зинаи дуюмро Сайфулло Исозода аз РҚД ва ду зинаи баъдиро Муҳаммадҷон Муродов намояндаи ВМ ва Фаридуни Назаралӣ аз Гвардияи миллӣ (ГМ) соҳиб шуданд.

Дар вазни 70 кг ҷойи аввал ба Муҳаммад Шомаҳмадов аз РҚД, ҷойи дуюм ба Холмаҳмад Тавакалов аз ҚС, ҷойҳои сеюмро дар ин вазн ба Муҳаммадшариф Зикруллоев аз Хадамоти гумрук ва Давлатманд Зиёратшоев аз ВМ сазовор донистанд.

Дар вазни 75 бошад, мақоми аввал ба Ҷовидон Маҳмудов аз ВМ, ҷойи дуюм ба Муҳаммад Мирзоев аз РҚД ва ду ҷойи баъдиро Исфандиёр Миралиев аз ВМ ва Фаррухрӯз Мирзоев аз ҚС соҳиб шуданд.

Абдулло Ахтамзода и министр внутренних дел РТ Рахимзода Рамазон Хамрох - Sputnik Тоҷикистон
Сокинони Душанбе аз вазир миннатдоранд: Раҳимзода майдончаи варзишӣ сохт

Тирандозӣ

Дар сабқати тирандозӣ ҷойи аввал ба лейтенанти калони милитсия Маҳмадшариф Баёнов аз Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, мақоми дуюм ба намояндаи Вазорати мудофиа сержанти хурд Нурсултон Шукуров муносиб дониста шуда, зинаи баъдиро майор Фаридун Аламхонзода, корманди Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ сазовор шуд.

Аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои идона Ҷом, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Лентаи хабарҳо
0