Бонувон футболбози тоҷик ба мусобиқаи Women’s International Gold Cup 2019 рафтанд

© Sputnik Отборочный этап Азии-2017 по женскому футболу в Душанбе
Отборочный этап Азии-2017 по женскому футболу в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими миллии футболи бонувони ҷавони кишвар дар ин мусобиқот ҳамзамон бо Муғулистон ва Ласо шомили гурӯҳи “А” шуданд. Гурӯҳи “Б” муштамил бар тимҳои Бангладеш, Қирғизистон ва АМЪА мебошад

ДУШАНБЕ, 20апр — Sputnik. Тими миллии футболи бонувони то синни 19 Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти байналмилиалии Bangamata U-19 Women’s International Gold Cup 2019 роҳии Бангладеш шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон, ин мусобиқот аз 23 апрел то 3 май дар шаҳри Дакка баргузор мешавад.
Тими миллии футболи бонувони ҷавони кишвар дар ин мусобиқот ҳамзамон бо Муғулистон ва Ласо шомили гурӯҳи “А” шуданд. Гурӯҳи “Б” муштамил бар тимҳои Бангладеш, Қирғизистон ва АМЪА мебошад.
Бонувони футболбози тоҷик рӯзи 23 бо Муғулистон ва рӯзи 27 апрел бо Лаос рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Дар ин мусобиқа чаҳор тими беҳтарин аз 2 гурӯҳ барои дарёфти ҷом талоши худро идома медиҳанд.
Тими миллии бонувони ҷавони ҶТ қабл аз роҳӣ шудан ба Бангладеш дар Норак тамрин карданд.

Лентаи хабарҳо
0