06:17 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Фенти Тилахан аз Эфиопия бо натиҷаи 1:06:36 дар ниммарафони 10-уми Душанбе ғолиб шуд

Пирӯзии давандаҳои хориҷӣ дар ниммарафони Душанбе

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Дар 10-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 20 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор шуд, миёни мардон Фенти Тилахан аз Ҳабашистон – Эфиопия ва миёни занон Даря Маслова аз Қирғизистон мақоми аввал гирифтанд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ниммарафони Душанбе имсол дар баробари ҳудуди 100 нафар даванди тоҷикистонӣ 36 варзишгар аз 17 давлати дигар иштирок карданд.

Манбаъ афзуд, даҳумин Ниммарафони байналмилалии Душанбе чун анъана дар масофаи 21,97 километр дар масири Наврӯзгоҳ – майдони “Дӯстӣ”, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳаллаи Чорбоғ ва аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.

“Миёни мардон Фенти Тилахан аз Эфиопия бо натиҷаи 1:06:36 ғолиб шуд. Ухимчук Микола аз Украина бо натиҷаи 1:06:58 ҷойи дуюм, Михаил Қосимов аз Ҷумҳурии Қазоқистон бо натиҷаи 1:10:01 ҷойи сеюм, Жоодар Кочконбаев аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо натиҷаи 1:10:43 ҷойи чорум, Майна Самуел аз Кения бо натиҷаи 1:11:19 ҷойи панҷум ва Андрей Петров аз Ҷумҳурии Узбекистон бо натиҷаи 1:11:43 ҷойи шашумро ишғол карданд”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои Кумитаи олимпӣ,  миёни занон Даря Маслова аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо натиҷаи 1:14:45 ҷойи аввалро сазовор шуд,  ки соли гузашта низ ғолиби Ниммарафони Душанбе гардида буд.

“Гуангул Хирут аз Эфиопия бо натиҷаи 1:16:51 ҷойи дуюм, Ситора Ҳомидова аз Ҷумҳурии Узбекистон бо натиҷаи 1:18:29 ҷойи сеюм, Мурунги Беттӣ аз Кения бо натиҷаи 1:23:29 ҷойи чорум, Назарова Меҳрангез аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи 1:30:14 ҷойи панҷум ва Уляна Кузминова аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаи 1:32:43 ҷойи шашумро сазовор гардиданд”, - афзуд Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ зикр кардааст, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2010 баргузор гардида буд ва аз соли 2014 ба рӯйхати мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ