06:05 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик

Ду мансаби нави Дилшод Назаров

© Sputnik / Личный архив Дилшода Назарова
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1425 0 0

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, 20 апрел дар шаҳри Доҳаи Қатар, дар пешорӯи Чемпионати Осиё дар бахши варзиши сабук, ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа Доҳлан Ҳамади қатарӣ дигарбора президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардид. Ӯ то соли 2023 ин ниҳоди қоравиро роҳбарӣ хоҳад кард.

Дар ҷаласа, ҳамчунин ноибони президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар ниҳодҳо интихоб гардиданд.

Манбаъ аз қавли  ТВ “Варзиш”, афзуд, ки варзишгари маъруфи Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб шуд. Федератсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро, инчунин раиси Комиссияи варзишгарон интихоб намуд.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки бо дастгирии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё ба Дилшод Назаров ҷоизаи “Беҳтарин гурзандози Осиё” тақдим гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ