06:37 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Довар дар майдони футбол, акс аз бойгонӣ

Узри довар ва видеои муштзании дарвозабони “Хатлон” ба легионери узбакистонии “Истаравшан”

© Sputnik / Максим Богодвид
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
776 0 0

Гулмуроди Саъдулло, сардовари бозии тимҳои “Хатлон” – “Истаравшан” қазияи муштзании дарвозабони тими шаҳри Бохтарро ба рӯи легионери узбакистонии “Истаравшан” шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Шаҳром Исмоилов, дарвозабони тими “Хатлон”-и шаҳри Бохтар дар дақиқаи 60-уми бозӣ Ҷамшед Ҳасанов, легионери узбакистонии тими “Истаравшан”-ро бо мушт зад. Ин бозӣ ба фоидаи “Хатлон” бо ҳисоби 2-1 анҷом ёфт.

Сардовари бозӣ дар шарҳи муштзанӣ гуфт, ин ҳолатро дар ҷараёни қувваозмоӣ надид, аммо тамошои баъди анҷоми бозӣ ӯро дар ҳолати шок қарор додааст.

“Вақте дарвозабон тӯбро гардонд, ман ба марҳилаи дигари бозӣ мутаваҷҷеҳ шудам, аммо дар ин вақт дарвозабон бозигари тими рақибро мушт задааст. Баъди ишораи довари чорум ба ин қазия, ман зарбаи 11-метрӣ таъин кардам. Дар мавриди корти сурх боварии комил надоштам. Аммо чунинро ҳеч интизор надоштам”, - изҳор доштааст Гулмуроди Саъдулло.

Ӯ афзуд, сабаби ба чунин кор даст задани дарвозабони “Хатлон”-ро намедонад, аммо ин аллакай футбол нест.

“Умедворам кумитаи интизомӣ дар мавриди ин қазия ва кумитаи доварон дар мавриди амали ман тасмими лозимиро қабул хоҳанд кард. Хеле мутаассифам, ки чунин шуд. Медонам, ки акнун чизеро тағйир додан наметавонам ва узр мехоҳам”, - изҳор дошт сардовари бозӣ, ки дар он тими дарвозабони муштзан пирӯз шуд.

Ҷамшед Ҳасанов ва Тулқинҷон Умаров, легионерҳои узбакистонии тими Истаравшан мебошанд. Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи футбол 21 футболбози легионер иштирок доранд, ки қариб сеяки онҳо узбакистонӣ мебошанд.

Мавзӯъҳои асосӣ