Як-ду иштибоҳ кардам: "иқрор"-и Комроншоҳ дар бораи чанд ғалат дар Қаҳрамонии Осиё

© Фото : Страница Комроншоха Устопириён в FacebookКомроншох Устопириён, архивное фото
Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгар гуфт, ки мақсад дошт, бори севум дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё медали тилло ба даст орад. Вай афзуд, ки аз ин мусобиқа медали нақрагие надошту ин бор соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Варзишкори номии тоҷик Комроншоҳ Устопириён сабаби маҳрум шудан аз медали тиллоро дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё гуфт.

Дар мусоҳибае, ки дар Фейсбук мунташир шудааст, варзишкор "иқрор" мешавад, ки як ду иштибоҳаш сабаби ба ҷои медали тилло, гирифтани медали нуқрагӣ гашт. Аммо вай афзуд, ки пештар ду дафъа аз ин қаҳрамонӣ медали тилло ба даст оварда буду оянда низ барои ҷои аввал кӯшиш хоҳад кард.

"Бисёр кӯшиш кардам, ки маротибаи сеюм дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё медали тилло ба даст орам, аммо мутаассифона дар дохили майдон як-ду иштибоҳ кардаму сазовори медали нуқра гаштам", - мегӯяд вай.

Встреча Комроншоха Устопириёна в аэропорту Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Комроншоҳ ва Темур дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё медали нуқра гирифтанд

Устопириён аз мураббиёну варзишкороне изҳори миннатдорӣ кардааст, ки барои омодагӣ ба чемпионат саҳм доштаву бо вай тамрин мекарданд.

Пештар маълум шуд, ки Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов дар Чемпионати дзюдои Осиё ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дертар хабар дода шуд, ҳарду ҳам соҳиби медали нуқра гаштанд.

Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Арабистони Саудӣ Ракан Саидан, дар чорякфинал бар намояндаи Муғулистон Дууренбайар Улзибайар дастболо шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Ӯ дар нимфинал варзишгари Қирғизистон Лурий Краковетскийро шикаст дод, вале дар финал аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сугмин Ким мағлуб гашт.

Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг, ки ду соли гузашта чемпиони Осиё буд, имсол ба гирифтани нуқра мушарраф шуд. Комроншоҳ низ дар даври аввал озод буд. Ӯ сипас бар варзишгарони Узбекистон (Давлат Бобонов), Чин (Ҳебилиҷе Бу), Қазоқистон (Ислом Бозбоев) пирӯз гардида, ба финал баромад, вале дар ин давр аз Косуке Машаямаи ҷопонӣ шикаст хурд ва ҷои дуюмро ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0