Куштӣ: бозгашти Устопириён, дасткашии Саидҷалол ва мошингирии Хоҷазодаю Раҳимов - акс

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонПешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе
Пешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 27 апрел дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита,  дар мусобиқа, беш аз 80 варзишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ аз рӯи ду гуруҳбандии  вазнӣ – то 80 кило  ва аз 80 кило бештар сабқат карданд.

“Дар гуруҳи вазнии  то 80 кило варзишкори шинохтаи кишвар, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо  Беҳрӯз Хоҷазода пирӯз шуд. Ӯ дар даври ниҳоӣ бар Саидмухтор Расулов ғолиб омад. Ҷои сеюмро Ҳақназар Назаров пас аз пирӯзӣ бар Раҳматуллобек Фарҳодов ба даст овард”, ‑ омадааст дар иттилоияи Кумита.

© сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонПешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе
Куштӣ: бозгашти Устопириён, дасткашии Саидҷалол ва мошингирии Хоҷазодаю Раҳимов - акс - Sputnik Тоҷикистон
Пешсафони мусобиқаи куштии миллӣ барои дарёфти Ҷоми пойтахт дар Душанбе

Манбаъ афзуд, дар вазни беш аз 80 кило паҳлавони ҷавон Темур Раҳимов пирӯз шуд. Раҳимов , ки ҳафтаи гузашта дар Чемпионати Осиё дар ришати ҷудо дар вазни беш аз 100 кило сазовори медали нуқра шуд, дар сабқати ниҳоии Ҷоми пойтахт паҳлавон  Шакармамад Мирмамадовро шикаст дод.

Ҷудокори маъруфи Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён, ки тоза ба мусобиқаҳои ватанӣ баргашт,  ҷои сеюмро ишғол кард. Ҳарифи Комроншоҳ дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм Саидҷалол Саидов аз мусобиқа даст кашид.

Ҳукумати Душанбе ба ғолибон шоҳҷоиза – автомобил, барои ҷои дуюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ ва барои ҷои сеюм мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ тақдим кард.

Лентаи хабарҳо
0