Ду медали Тоҷикистон аз чемпионати Осиё дар риштаи каратэ

© акс аз сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонАсадбек Фаттоев ва Умед Сафаров, барандаҳои медали биринҷии чемпионати Осиё дар риштаи каратэ
Асадбек Фаттоев ва Умед Сафаров, барандаҳои медали биринҷии чемпионати Осиё дар риштаи каратэ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду варзишгари ҷавони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи каратэ сазовори ду медали биринҷӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 29 апр - Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати Осиё дар риштаи каратэ – “WKF” миёни наврасон, ҷавонон ва ҷавонони то 21-сола 26-28 апрел дар шаҳри Кота Канабалуи Малайзия доир гашт.

Чемпионат Таджикистана между командами Истиклол и Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми даври 4-уми чемпионати Тоҷикистон: пешсафон муайян шуданд

“Дар чемпионат 409 варзишгар - 120 нафар миёни наврасон, 135 нафар миёни ҷавонон, 154 нафар миёни ҷавонони то 21-сола аз 31 давлати қора иштирок карданд”, - иттилоъ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, Тоҷикистонро 6 варзишгар -  Нодирбек Қулматов, Асадбек Фаттоев, Умед Сафаров миёни то 17-солаҳо ва Муҳаммад Тешаев, Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, Абдулваҳоб Шаропов миёни то 21-солаҳо намояндагӣ карданд.

Медалҳои биринҷиро дар ҳайати дастаи Тоҷикистон Асадбек Фаттоев дар вазни то 68 кило ва Умед Сафаров дар вазни то 76 кило миёни ҷавонони то 17-сола ба даст оварданд. Нодирбек Қулматов дар вазни то 61 кило ҷои 7-умро ишғол кард.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, миёни ҷавонони то 21-сола натиҷаи беҳтарро Муҳаммад Тешаев нишон дод, ки дар вазни то 55 кило ҷои панҷумро ишғол кард.

Лентаи хабарҳо
0