14:21 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон

Андози камтар диҳед: сабукии президент барои рушди футболи Тоҷикистон

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
1670 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҷонибдории парлумон бори андози соҳаи футболро дар кишвар сабук кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Тибқи тағйирот ба қонун дар бораи буҷаи давлатӣ барои соли 2019, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имзо кард, Федератсияи футболи кишвар дар пардохти андоз аз сабукиҳо бархӯрдор хоҳад шуд.

Бар асоси тағйирот, ФФТ ва сохтори тобеи он, ки роҳбарияшонро Рустами Эмомалӣ ба уҳда дорад, аз пардохти андоз аз амволи ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт озод карда шуданд. Имтиёзи мазкур инчунин ба бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон низ дахл дорад.

Раисиҷумҳур ва парлумон инчунин  мураббиён ва бозигарони хориҷиеро, ки барои рушди соҳаи футбол ба Тоҷикистон ҷалб мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод карданд.

Бар асоси тағйирот ба қонуни буҷаи давлат барои соли равон инчунин воридоти бланкаҳои шиносномаҳо, ки дорои иттилои электронӣ мебошанд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ озод карда шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ