14:23 23 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Борьба гуштингири, архивное фото

Паҳлавонони тоҷик дар марҳилаи омодагии ба Чемпионати ҷаҳон соҳиби 4 медал шуданд

© Sputnik / Стас Этвеш
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
11110

Мусобиқаи мазкур бо иштироки беҳтарин паҳлавонони  Тоҷикистон, Қирғизистон ва дастаҳои Узбакистон аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар маҷмааи варзишии "Ҳумо" доир  гардид

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро сазовори 4 медал гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.


Манбаъ афзудааст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни  калонсолон  дар шаҳри Бухорои Узбакистон, ки ба хотири варзишгари маъруфи ин давлат Ҷамшед Ҳофизов баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид.

Мусобиқаи мазкур 6-8 май бо иштироки беҳтарин паҳлавонони  Тоҷикистон, Қирғизистон ва дастаҳои Узбакистон аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар маҷмааи варзишии "Ҳумо" доир  шуд.

Бояд зикр кард, ки  дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали тиллоро Муслиҳиддин Уроқов дар вазни 72кг сазовор шуд. Ислом Маҷидов дар вазни 60 кг, Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67кг ва Мирзоамин Сафаров дар вазни 97 кг ба гирифтани медалҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Хотиррасон менамоем, ки иштирок дар мусобиқаи мазкур як марҳилаи омодагии варзишгарони мо ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи сентябр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад, ба ҳисоб меравад.

 

Мавзӯъҳои асосӣ