19:47 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Юношеская сборная Таджикистана по футболу

ФУТБОЛ: ҳарифони дастаҳои мунтахаби то 16-сола ва то 19-солаи Тоҷикистон муайян шуданд

пресс-служба ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
252 0 0

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи тоҷик дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои Урдун, Непал Шри –Ланка ва  Кувайт ва тими интихобии то 19-солаи ба гурӯҳи "С" шомил шуда бо дастаҳои Сурия, Лубнон ва Малдив қувва месанҷанд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputniк. Дастаҳои  мунтахаби наврасони то 16-сола ва 19-солаи Тоҷикистон дирӯз баъди қуръакашӣ, ки  дар шаҳри Куала – Лумпури Малайзия баргузор гардид, ҳарифони худро дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 шинохтанд, иттилоъ додааст Федератсия Футболи Тоҷикистон.

Манбаъ афзудааст, ки дастаи мунтахаби наврасони то 16-сола дар гурӯҳи "А" бо дастаҳои мунтахаби Урдун, Непал Шри –Ланка ва  Кувайт қувва месанҷанд. Бозиҳо дар мамлакати Урдун аз 14 то 22 сентябри соли равон гузаронида мешаванд.

Дар бозиҳои интихобии ин мусобиқа 47 дастаи қораи Осиё ширкат меварзанд, ки ба 11 гурӯҳ тақсим шудаанд. Аз Осиёи Ғарбӣ 6 ва аз Осиёи Шарқӣ 5 гурӯҳ таркиб ёфтаанд.

Тибқи низомномаи мусобиқа, 11 ғолиб ва  4 дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба бозиҳои ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

То кунун макони баргузории бозиҳо интихоб нашудаанд. Дар сурати ба бозиҳои финалӣ роҳхат гирифтани давлате, ки макони баргузории бозиҳои ниҳоӣ интихоб мешавад,  дастаи панҷуми беҳтарини ҷои дуввум ҳуқуқ пайдо мекунад, ки дар бозиҳои финалӣ  ширкат кунад.

Қуръакашӣ дастаҳои мунтахаби то 16-солаи Осиёро чунин тақсим кард:

Осиёи Ғарбӣ

Гурӯҳи "А": Тоҷикистон, Урдун (мизбон), Непал, Шри-Ланка, Кувайт.

Гурӯҳи "В": Ҳиндустон, Ӯзбекистон (мизбон), Баҳрайн, Туркманистон.

Гурӯҳи "С": Эрон (мизбон), Афғонистон, Фаластин, Малдив.

Гурӯҳи "D": Уммон, Арабистони Саудӣ (мизбон), Сурия, Покистон.

Гурӯҳи "Е": Яман, Бангладеш, Катар (мизбон), Бутан.

Гурӯҳи "F": Ироқ, Қирғизистон (мизбон), Лубнон, АМА.

Осиёи Шарқӣ

Гурӯҳи "G": Индонезия (мизбон), Чин, Бруней, Филиппин, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи "Н": Австралия, Ветнам (мизбон), Тимори Шарқӣ, Муғулистон, Макао.

Гурӯҳи "I": Кореяи Шимолӣ, Гон-Конг, Сингапур (мизбон), Гуам.

Гурӯҳи "J": Япония, Малайзия, Камбоҷа, Лаос (мизбон).

Гурӯҳи "К":  КореяиҶанубӣ, Таиланд, Мянма (мизбон), Тайбэйи Чин.

Дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон дар натиҷаи  ин қуръакашиҳо ба гурӯҳи "С" шомил шуд ва бо дастаҳои мунтахаби Сурия, Лубнон ва Малдив дар шаҳри Душанбе аз 6 то 10 ноябр қувва месанҷад.

Дар ин баробар дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё байни дастаҳои мунтахаби то 19-сола 46 даста ширкат меварзанд ва низомномаашон мисли дастаҳои мунтахаби навтасони то 16-сола аст.

Қуракашӣ дастаҳои мунтахаби то 19-солаи Осиёро чунин тақсим кард:

Осиёи Ғарбӣ

Гурӯҳи "А": Ироқ (мизбон), Уммон, Фалестин, Кувайт, Покистон.

Гурӯҳи "В": Қатар (мизбон), Яман, Туркманистон, Шри-Ланка.

Гурӯҳи "С": Тоҷикистон (мизбон), Сурия, Лубнон,  Малдив.

Гурӯҳи "D": АМА, Эрон (мизбон), Қирғизистон,  Непал.

Гурӯҳи "Е": Урдун, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Бутан.

Гурӯҳи "F": Арабистони Саудӣ  (мизбон), Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Афғонистон.

Осиёи Шарқӣ

Гурӯҳи "G": Таиланд, Малайзия, Камбодҷа (мизбон), Бруней, Ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ.

Гурӯҳи "Н": Австралия, Тайбэйи Чин (мизбон), Макао, Лаос.

Гурӯҳи "I":  Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Мьянма (мизбон), Сингапур.

Гурӯҳи "J": Япония, Ветнам (мизбон), Муғулистон, Гуам.

Гурӯҳи "К": Индонезия (мизбон), Кореяи Шимолӣ, Гон-Конг, Тимори Шарқӣ.

Барчаспҳо:
ғолиб, наврасон, Тоҷикистон, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ