Пешсафии “Истиқлол” дар сабқати Лигаи олӣ

Обуна шудан
Тими “Истиқлол” дар даври шашуми бозиҳои Лигаи олӣ бар тими КМВА “Помир” пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, тими “Истиқлол”, пешсафи Чемпионати Тоҷикистон дар риштаи футбол дар доираи даври шашуми бозиҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ бар тими КМВА “Помир” бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.

Ба иттилои манбаъ, дастаи “Хуҷанд”  ду хол аз даст дод.

Мулоқоти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ бо мунтахаби футболбозони то 16-солаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Андози камтар диҳед: сабукии президент барои рушди футболи Тоҷикистон

“Ду бозии даври шашуми Чемпионати мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ 9 май доир гардиданд. Ғалабаи “Истиқлол” бар тими КМВА “Помир” тавассути “дубл”-и Эҳсони Панҷшанбе, голҳои Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев имконпазир шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Кумита илова намуд, ки голи дастаи артиш – “Помир”-ро Ваҳдат Ханонов ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари давр дастаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ натавонист бар тими “Панҷшер” ғалаба кунад. Мухлисон шоҳиди гол нашуданд ва бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Лентаи хабарҳо
0