16:03 23 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мухлисони варзиш, акс аз бойгонӣ

Писарони ВМКБ ва духтарони Душанбе чемпиони Тоҷикистон шуданд

Фото предоставлено НУР
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
128110

Писарони волейболбози Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон пирӯз гардиданд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар чемпионати имсола миёни мардҳо 8 даста ва миёни бонувон 6 даста иштирок карданд.

“Волейболбозони Бадахшон миёни писарон маҳорати хуб нишон дода, ғолиби чемпионат гардиданд”, - иттилоъ дод Кумита.

Манбаъ афзуд, ки тими ВМКБ дар бозии ниҳоӣ бо дастаи Душанбе-2  рақобат карда, пирӯз шуд. Ҷои сеюмро дар ин сабқат дастаи вилояти Суғд ба даст овард.

Дар мавриди сабқати бонувони волейболбози Тоҷикистон Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки дастаи Душанбе-1 ғалаба кард.

“Волейболбоздухтарони пойтахт дар бозии финалӣ бар дастаи ВМКБ пирӯз шуданд. Миёни бонувон низ дастаи Суғд ҷои сеюмро ишғол намуд”, - омадааст дар иттилоияи Кумита.

Мавзӯъҳои асосӣ